Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

рўи сафҳа мекашад:
Зи сар то по назокатофарин буд,
Ҷабинаш нури маҳ бар хок месуд.
Камони абрўяш бас беназир аст,
Камон аз ҳасрати ў гўшагир аст.
Зи мижгонаш намонда тоби ханҷар,
Аз ў хушк аст дар тан оби ханҷар.
Ба хунрезӣ чу тираш дида чолок,
Зи шармаш сар фурў дуздид дар хок.
Зи чашмаш оҳувон рамзе кушоданд,
Зи рашкаш рўй дар саҳро ниҳоданд.
Чу ҳамчашмӣ ба чашмаш кард бодом,
Аз он дар дидааш сўзан зад айём.
Чу рухсораш ба олам равшанӣ кард,
Рухи хуршед гардид аз ҳасад зард.
Чу тавсифи баногўшаш шунида,
Ба ёдаш субҳ пероҳан дарида.
Чи бинӣ, дида сўяш нест роҳаш,
Ки лағжад аз сафои ў нигоҳаш.
Ба марҷони лабаш ҷон дода марҷон,
Ба хун биншонда лаълаш лаълро кон.
Зи тангии даҳонаш ғунча дилтанг,
Зи дандонаш гуҳар беоб чун санг.
Ба чоҳи ғабғабаш сад дил гирифтор,
Зулоли кавсар аз он чаҳ намудор.
Баёзи гарданаш дебочаи нур,
Зи нураш гашта равшан машъали Тур.
Ба панҷа панҷатоби офтоб аст,
Яди байзо аз он соид хароб аст.
Миёни ў надорад ҷуз шунидан,
Зи борикӣ чӣ имкон аст дидан.
Зи соқаш хонаи торик равшан,
Ба соқи арш нураш партавафкан.
Хироме дошт он маҳваш бад-он ранг,
Ки ҳасрат бурда пои кабк дар санг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё