Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи ҳунари шоирии ў низ ҳамзамонон изҳори назар намуда, соҳиби табъи воло будани ўро зикр кардаанд. Чунончи, Возех қабл аз овардани ашъори шоҳид менависад: «Ин ашъори обдор, ки дар латофат гарав аз оби ҳайвон бурда, аз натоиҷи афкори ўст» (3, 93). Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ низ ба шеъри Сират баҳои баланд додааст: «Ба гуфтани ашъори намакин ва манзумоти рангин дар камоли диққати маонӣ ва матонат мепардохт ва дурри маониро дар сулуки назм кашида, овезаи гўши сомеони суханрас месохт» (1, 103). Ба андешаи Муҳтарам, «домулло Абулфазл Садри Аълам, ки атфоли макотиби афкораш ба болиғкаломони мадориси маонӣ фоиқнишин ва мубтадиёни мадориси ифодааш бо мунтаҳиёни дорулилми камол тафаввуқгузин, аз равонии каломаш оби гавҳар чун арақ аз шарми бесафоӣ нақши беобурўӣ баста ва аз рангинии суханаш ҷавҳари ёқут аз хиҷолати хунукрўӣ дар яхдони ҷамод нишаста» (4, 172). Шаръӣ қайд мекунад, ки «назму насраш, хусусан ашъораш пурмазмуну латиф ва тозаву обдор, рангину баланд, дилписанду намакин ва ибороташ саросар ширин» (10, 4).
Дарвоқеъ соҳиби маонии баланду рангин ва абёти намакин будани шоир аз ашъори ў ба хубӣ аён мешавад. Дар девон як соқинома, ду маснавӣ, ду қасида, 21 ғазал, 11 фард,
6 рубоӣ, 9 моддаи таърих, боқӣ абёти мутафарриқа, аз ҷумла қитъаву муаммо ва як рисолаи манзум роҷеъ ба тақсими мерос ҷой дода шудааст.
Дар соқинома, ки чун анъана дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф иншо шудааст, такрори руҷўъ ба соқӣ ба мушоҳида меояд. Чунин руҷўъ аз огози асар шурўъ мешавад:
Биё, соқӣ, ба ҷоме соз мастам, Ба шаҳди бехудӣ кун пойбастам.
Ки шояд ғунчаи матлаб кушояд, Ба гулзори хаёлам рў намояд.
Дар ин асар беҳтарин тавсифи ҳусну ҷамоли ёр ба қалам омадааст. суханвар шамоили бемонанди нозанинеро бо сухан

пешина
аз 500
навбатӣ