Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар тазкираи Шаръӣ низ 4 байти парокандаи номатбўи шоир ба мушоҳида расид, ки аз ҷумла инҳост:
Аз шавқ номаам ҳама боли кушодааст, Бахташ магар раҳе ба ҷанобат кушодааст.


Он ки шўри касрати даҳре дар ин олам зада, Воҳиде к-охир зи яктоӣ дуӣ барҳам зада.


Интизори қосид он сўи қиёмат мекашад, Ин ҳуморо байза зери боли анқо гашт сабз.


Шабнами оҳанги меъроҷи ҳавоят кард сар, Дидаам пайваста аз меҳри ту худро ранг кард (10, 8).
Дар тазкираи Муҳтарам низ як қитъаи шеъри номатбўъ сабт шудааст:
Гоҳе зи накҳати сари зулфаш шамиданист, Гоҳе шакар зи лаъли лаби ў макиданист.
Гаҳ аз камоли аҷз ба пояш фитоданист, Ҳар кўчае, ки ҳаст, ба олам давиданист (4, 175).
Ба андешаи мо, девони Сират аз ҷониби худи муаллиф мураттаб ва хаттотӣ шудааст. Барои чунин хулоса ду нукта ҳаст, ки метавонад далолат диҳад, яке ин ки ба ғайр аз ашъоре, ки дар девон ҳаст, ашъори номатбўъ низ аз тазкираву баёзҳо ёфт шудаанд, ки яқин баъд аз тартиб додани девон иншо шудаанд. Далели дигар ин аст, ки пешгуфтори девонро худи Сират навиштааст ва дар ҳеҷ ҷо ишора ба исми хаттот нест.
Дар пешгуфтор муаллиф ба аҳволи худ ишора мекунад ва менависад, ки «аммо баъд баҳри замоири хуҷастаназоири аҳли донишу биниш возеҳ буда бошад, ки ин бандаи камтарин… Абулфазли Сираттахаллус… чун муддате мадид ва аҳде баид гарди ғурбат бар ҷабинаш фурў нишаста буд ва абвоби маишат ва масаррат ба рўяш барбаста, биноан, алаззолик шаммае аз аҳволи бекасии худ боз менамояд ва варақе чанд аз дафтари саргузашти худ мекушояд» (7, 1).
Аммо, ба қавли баъзе тазкиранигорон аксари таълифоташ ҳифз нашудааст. Дар ин бора Шаръӣ дар тазкираи худ менависад, ки «аксари муаллафот ва маҷмўаҳояш аз камоли бешавқӣ ва беалоқагӣ талаф гардидааст» (10, 4).

пешина
аз 500
навбатӣ