Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар тазкираи Абдӣ низ ду ғазал ҳаст, ки дар Девон сабт нашудааст. Ғазали аввал бо радифи «дар ойина» гуфта шуда, иборат аз 8 байт аст:
Гоҳе ки ҷилва мекунад он гул дар ойина, Гул мекунад баҳори тасалсул дар ойина.
Чун зулфи дилбарон шаби базмаш зи тори шамъ Дорад ҳазор дастаи сунбул дар ойина.
Ойинаҳо шуда зи гули шамъҳо лаган, Тасвири тўтиё шуда булбул дар ойина.
Аз қул-қули таронаи сероби мутрибон Оби зулол карда тақалқул дар ойина.
Дасте, ки хам ба гўшаи танбўр шуд, намуд Садранг гўши ҳалқаи кокул дар ойина.
Сеҳре ба кор бурдаву дар шавқ ҷилваҳост, Як чашм то забона тағофул дар ойина.
Бо шўхии ҳуҷуми нигаҳ аз сафои дил, Тамкини кўҳу дашти таҳаммул дар ойина.
Сангест, Сират, ойина гулпўш чун шавад, Эҳсони шоҳ дода таҷаммул дар ойина (1, 106).
Ғазали дигар низ 7 байт дорад ва бо радифи «маъшуқ аст» таълиф шудааст:
Мурод аз майпарастӣ нашъаи дидори маъшуқ аст, Димоғи дида хуррам аз гули рухсори маъшуқ аст.
Зи гарди шўхии тарзи нигоҳаш ҳасрат афзун шуд, Нигаҳ дар дидаам мустағриқи рафтори маъшуқ аст.
Зи сайри нози мижгон сад ба гулшан бисмиле дорам, Тапиданҳои дил з-ин ханҷари хунхори маъшуқ аст.
Илоҷе нест ҷуз мурдан гирифтори муҳаббатро, Табиб аз набз бишносад, ки дил бемори маъшуқ аст.
Зиҳӣ ҳусни назокат дар баҳористони некўйӣ, Биҳишташ ҳамчу гул бишкуфта аз гулзори маъшуқ аст.
Яди байзои ў шамъи тамошохонаи дил шуд, Сафои ботини ошиқ, к-аз ин девори маъшуқ аст.
Зи авсофи буте дурри маонӣ суфтаам, Сират, Забони ҳамзабони хона аз гуфтори маъшуқ аст (1, 106).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё