Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нақл кардааст, ки байти зерини он гувоҳи гуфтаи мост:
Ҳамон аълами садри «Сират» лақаб, Зи талмизи ў дон ба илму адаб (6, 126).
Шогирди хуб мояи ифтихор ва сарфарозии устод аст ва байти мазкур далели бузургии мамдуҳ мебошад.
Дар навбати худ Сират устоди Мулло Муҳаммадшарифи Анбар ном шоир аст, ки дар расои устодаш моддаи таърихи фавқро гуфта, инчунин тазмине низ ба шеъри ў дорад.
Садри Зиё ғазали Анбарро таҳти сарлавҳаи «Дар тазмини як мисраи устоди худ Сират гуфта» оварда, дар байти мақтаъ ҳамон мисраъро ҷо додааст:
Барҳазар бош аз ҳуҷуми оҳи Анбар гуфтаанд, «Бар нафас зулм аст, агар ин хори мижгон гул кунад»
(6, 148).
Дар «Девони Сират», ки дар захираи дастхатҳои шарқии АИ Тоҷикистон зери шумораи 858 ҳифз шудааст, 1470 мисраъ баробар ба 735 байт ашъори шоир ҷой дода шудааст. Ногуфта намонад, ки аз сарчашмаҳо баъзе ашъоре низ ёфт шуданд, ки ба девон ворид нашудаанд. Сабаби ин ҳолро метавон чунин шарҳ дод, ки девони Сират дар замони зиндагии шоир мураттаб шуда ва баъди тадвини он низ ў шеър гуфта будааст, ки дар тазкираву баёзҳо боқӣ мондаанд. Сабаби дигар шояд дар камҳавсалагии муаллиф дар ҷамъ овардан ва ҳифз намудани осораш бошад. Чунончи, дар тазкираи Возеҳ 6 мисраи номатбўъ пайдо шуд, ки зоҳиран порае аз ғазал аст:
Баҳор шарҳе зи матни лутфаш, тараб паёме зи боғи хулқаш, Саҳар чароғе зи файзи базмаш тамоми хубӣ бувад саропо.
Чу лаъли ҷонбахши ёр дидам муқим дар зери сабзаи хат, Ба ҳайрат афтод дил, ки чун шуд Масеҳ поён, Хизр боло.
Дукони ҳусни ту шуд баробар зи хатти сабзи лабони аҳмар, Зумурраду лаъл бичида яксар барои тарғиби дил ба савдо.

пешина
аз 500
навбатӣ