Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Халаф монда з-он Сирати покдин, Ҷавони хирадманди хубу матин.
Зи лутфи шаҳи лозимулэҳтиром, Дар афвоҳи мардум Ибодуллоҳ ном.
Ба назми сухан соҳиби хибрат аст, Тахаллус дар ашъори ў «Ибрат» аст.
Бувад дидаи фазлро мардумак,
Дар ин дам шуда қозии Гаҷдумак.
Зи ашъори ў баъди шеъри падар, Нависам ду-се байт аз хушку тар.
Пас аз ин шеър Садри Зиё ду ғазал ва як моддаи таърихро аз таълифоти Ибрат дар тазкирааш ҷой медиҳад, ки ба қавли худаш «ду се байти хушку тар» мебошанд. Ин ҷо Садри Зиё ишора ба ҳунари шоирии Ибрат низ карда, соҳиби на танҳо ашъори ноб, балки муаллифи баъзе абёти хушк будани ўро низ зикр мекунад, ки бори дигар аз қалами наққодии тазкиранигор шаҳодат медиҳад.
Моддаи таърихи Ибрат дар вафоти волиди маҷиди худ Сират иборат аз се байт аст:
Абулулуми маонӣ, аниси васфи ҷамоле, Ба нури Ҳақ шуда восил, чу ёфт рутбаи олӣ.
Фишонда хомаи Ибрат барои соли вафоташ, Чаҳор фиқраи олӣ, ҳама ба ваҷҳи камоле.
Қаринфазли илоҳӣ, макинфайзи расулӣ, Нигини бадри шариат, фанои зоти ҷалолӣ.
Аз ин санад метавон ба хулосае расид, ки Сират соҳиби фарзанди нек, идомабахши кораш будааст. Дар қисмати таълиқоти «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё аз соҳиби набераи хушсаводу хушхате бо номи Ҳабибуллоҳ Махдуми Авҳадӣ будани ў низ огоҳ мешавем, ки «Наводири Зиёия»-ро китобат кардааст (6, 282). Маълум мешавад, ки ў низ кори бобояшро дар хаттотиву нусхабардорӣ (Сират носихи девонҳои Муиззӣ ва Анварӣ буд) давом додааст.
Аз ахбори сарчашмаҳо ҳамчунин маълум мешавад, ки Сират шогирди Садри Сарири Балхӣ будааст ва дар ин бора Садри Зиё як шеъри Мирзо Азими Сомиро дар бораи Сарир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё