Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар се байти охири шеър Ҳайрат аз хиттаи Балх будану дар Бухоро садри аълам шудани Сират ва маҳбуби кулли мардум буданашро ба риштаи назм мекашад ва таърихи вафоти мамдўҳи худро низ зикр мекунад:
Гарчи худ ў зодаи уммулбилоди Балх буд, Дар Бухоро фазлу донишро падар шуд бегумон.
Бехилоф ин нукта равшан буд бар аҳли камол, Муттафиқ буданд балхӣ бо бухорӣ дар фиғон.
Нолаву фарёд агарчанд аз бухорӣ сар кашид, Дод берун шуд зи балхӣ ҳам пайи таърихи он.
Дар мавриди санаи вафоти Сират дар ин шеър Муҳтарам менависад, ки «моддаи таърих аз калимаи «балх» ва «бухорӣ» аст, ки якҳазору чорсаду панҷоҳу панҷ адад аст. Сари нолаву фарёд ё калимаи «дод», ки яксаду сиву нуҳ аст, аз он хориҷ шавад, таърих ҳосил ояд» (4, 173-174).
Моддаи таърихи дигаре аз ҷониби шогирди Сират –шоир ва фозили замон Муҳаммадшарифи Анбар ба қалам омадааст, ки дар он хасоили ҳамидаи он зоти покро барчидааст:
Машав ғофил, дило, аз фитнаи ин гунбади хазро, Ки дорад ҳар тараф аз кин ҳазорон шўришу ғавғо.
Дар ин ваҳшатсарои ғам адам дорад басе вусъат, Ки як-як рафту меҷўям суроғаш аз пари анқо.
Хусус он пешвои шаръу дониш, аълами олим, Ба ҳар матлаб муборак, исми покаш зиннати туғро.
Садоратмартабат, афлокрифъат аҳсани хислат, Вафооин, сафопиро, ҳаёкешу қамарсимо.
К-аз ин дори ҳавас қатъи тааллуқ кард чун Исо, Тараққӣ кард рўҳи тоираш бар зурвати улё.
Ба сад афсўс баҳри соли фавташ хомаи Анвар, Ба малфузӣ рақам зад, гуфт: «Ҳайфи Сирати доно».
Як моддаи таърихи дигаре низ иншо шудааст, ки муаллифи он писари Сират Қозӣ Абдуллоҳи Ибрат аст ва дар баъзе тазкираҳои давраи мавриди назар дар бораи ў сухан рафтаву пораҳое аз ашъораш низ нақл шудааст. Чунончи, Садри Зиё дар бораи ў мегўяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё