Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

он ҷамъ ҳозир буд ва тааллуқи хотир ба Фитрат дошт, бадеҳатан ба иҷозати Фитрат аз забони ў чунин гуфта ки:
Ман шамъи маҷлисам, ки ба ман ҳар ки дам занад, Хомўш нишаста тира кунам рўзгори ў (6, 336).
Мирсиддиқхони Ҳашмат гўё аз номи дигарон менависад, ки ҳардуи ин байтро Имомхон ном шоире ба номи Сират фиристода ва дар ҷавоб Сират низ чанд пора аз ашъори худро ба ў ирсол намудааст. Аммо дар хулосаи ин гуфтор соҳиби тазкира байти мазкурро мансуб ба Сират зикр кардааст.
Он нукта қобили таваҷҷўҳ аст, ки дар вафоти Сират чанде аз шоирон моддаи таърих ва ё марсия навиштаанд ва дар ин ашъор низ баъзе нукоти тарҷумаиҳолӣ ва фазоили мамдўҳ зикр ёфтааст. Таърихи фавти Сиратро Ҳайрат дар 22 байт иншо намуда, дар ин шеър исми чандин нафар ҳамзамонони худро номбар кардааст, ки аз ҷумла Фитрат, Адо, Анбар, Дониш, Фикрат, Шоҳин, Возеҳ, Ҷуръат, Хиҷлат, Оташӣ, Ҳасрат, Сипандӣ ва дигарон мебошанд ва ин нуктаро Садриддин Айнӣ ҳам ҳини зикри Сират дар «Намунаи адабиёти тоҷик» (1, 228) таъкид намудааст:
Андаке хоҳам Адо кардан зи авсофаш, вале, Дарнамеояд ба килки Анбарини хурдадон.
Шоҳбози Фитраташ сайди маонӣ менамуд, Дошт Шоҳини хаёлаш авҷи Дониш ошён.
Нуктаи мубҳам зи сайъи Фикраташ Возеҳ шудӣ, Будаш аз табъи расо дар ҳар сухан лутфе аён.
Баски дар майдони Ҷуръат рои ў бебок буд, Муддао аз Хиҷлаташ ҳамчун Парӣ гашта, ки ҳон.
Оташӣ дар оташи ғайрат Сипандӣ гашта буд, Ҳасрат андар ҳасрати ҳар ҳарфи ў медод ҷон.
Сипас Ҳайрат аз фазоили ў ҳарф зада, камоли дониши ўро дар сарфу наҳв, фиқҳу мантиқ ва улуми динӣ зикр мекунад ва ниҳоят, ёдовар мешавад, ки дар рўзи ҷумъа хабари вафоти ин фозили замон расидааст:
Ҷониби мо омад аз ҳукми қазо рои қадар, Дар шаби одина ин рўзи сияҳ доманкашон.

пешина
аз 500
навбатӣ