Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳтарам нақл мекунад, ки «рўзе ҷаноби Сират дар маҷлиси мунозара ва маҳфили муҳозара ҳамроҳи қозӣ Муллоқурбони Фитрат дар исботи муқаддамот ва эроди далоил бар назариёт ва табния бар бадеҳиёт буд ва ҷаноби Фитрат низ ба пешравии кори худ иқоматан далел бар хилофи «мо акома ъалайхил хасм» менамуд. Охируламр хушзабонӣ ба оташзабонӣ кашид ва насими латифасанҷӣ ба сактахонӣ анҷомид. Фитрат гуфт:
Дар ин муҷодалат бадмуомилат мабош ва ба маҳзи панҷаи ҷидол синаи моро махарош…, дар тақрир ва тазвир чаро кўшӣ ва матое, ки надорӣ, чӣ гуна мефурўшӣ. Сират гуфт: Эй қозии хиттаи мусалмонӣ, ин ҷо нотавонбинӣ ва нотавонӣ… сирри ҳақро ба ботил чаро пўшӣ ва хароше наёфта, ба ҳарза чаро хурўшӣ. Билохир аз ин қолумақол хурўҷ аз мофиҳо рўй овард, Фитрат ин фардро иншо кард. Байти Фитрат:
Дорам диле, ки шўълафурўшист кори ў, Доман мазан, мабод, ки афтад шарори ў.
Ва Сират ба фарде ўро ҷавобе шофӣ ва мусоҳабатро мунқазиву кофӣ фармуд. Байти Сират:
Ман шамъи маҷлисам, ки ба ман ҳар ки дам занад, Хомўш нишаста, тира кунам рўзгори ў».
Садри Зиё ҳамин ҳикоятро ба шакли дигар нақл мекунад ва тибқи навиштаи ў байте, ки Сират гуфта буд, гўё бо иҷозати Фитрат ва аз номи ў иншо шудааст, дар ҳоле, ки дар тазкираи Муҳтарам ин мушоира дар ҳоли дуруштиву дағалии муаллифон ба ҳамдигар сурат гирифтааст. Садри Зиё нақл мекунад, ки Муллоқурбон, мутахаллис ба Фитрат, ки дар ҳусну ҷамол адимулмисол, дар фазлу камол беқарину ҳамол буд ва дар шоирӣ беҳамто, дар соҳирӣ ангуштнамо, дар муаммоёбӣ якто буд, дар айёми ҷавонӣ ҳамроҳи чанде зурафо ва фузало дар маконе фарҳатафзо тарҳи маҷлис андохта буданд. Фитрат ба тақрибӣ мутаранними ин байт, ки аз натоиҷи табъи диққатписанди ўст:
Дорам диле, ки шўълафурўшист кори ў, Доман мазан, мабод, ки афтад шарори ў.
Домулло Абулфазли садри аълами Балхӣ Сират низ дар

пешина
аз 500
навбатӣ