Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин муаллиф низ хабар медиҳад, ки Сират «дар авоили шабоб аз Балх озими Бухорои Шариф гашта… аз пояи талмиз ба дараҷаи устодӣ иртифоъ ҷуста, комил дар ҳар илм ва моҳир ба ҷамъи фунун» будааст. Соҳиби тазкира меафзояд, ки «дар ҳалли муаммо чун ин ҷаноб номбардор дар ин замон муяссар нест ва дар кушодани алғоз амсоли ин зоти саодатоёт ном намебаранд» (8, 74).
Ҷолиб он нукта аст, ки баъзе муаллифони сарчашмаҳо, аз ҷумла Мирсиддиқхони Ҳашмат, Муҳтарам ва Садри Зиё ҳикоётеро аз лаҳазоти зиндагии Сират нақл кардаанд ва бадин минвол ба баъзе аз сифоту фазоили ин бузургмард далел овардаанд. Чунончи, Ҳашмат аз рўзгоре ёдовар мешавад, ки дар таърихи 1302 ҳ. ҳокими Хузор буд ва Сират – қозии вилояти Ҳисор. Ва инҳо ба Шаҳрисабз ба рикоббўсии амир рафта буданд ва чун вақти намоз шуд, маҷмўи аъён ва қуззот барои адои намоз ба масҷид даромаданд ва чун афзалтарини эшон қозӣ Абулфазл буд, имоматиро аз ў хоҳиш карданд. Ва дар вакти адои намоз мулозимони амир густохона ба масҷид даромада, фарёд заданд, ки ҷаноби олӣ озими сафар аст ва намозгузорон бояд намози худро ба зудӣ тамом кунанд ё ихтисор кунанд. Аммо Сират бидуни шитоб бо риояи тамоми фароиз намозро идома дод ва ба анҷом расонид (8, 74).
Ҳашмат ҳамчунин ҳикояи дигареро низ бозгў мекунад, ки далели фазлу дониши Сират мебошад. Ў нақл мекунад, ки боре дар Бухоро, дар ҳавлии яке аз мухлисони Сират маҷлиси афозил баргузор буд ва китоби шайх Саъдиро мутолиа мекар-
2 данд. Аз Ҳашмат хоҳиш карданд, ки маснавии Саъдиро бо матлаи зерин бихонад:
Гили хушбўй дар ҳаммом рўзе, Расид аз дасти маҳбубе ба дастам…
Ва миёни афозил баҳсе сар зад, ки гофи аввал бо фатҳа бояд хонда шавад ё касра. Ва қарор шуд, ки Сиратро интизор шаванд ва чун ў омад, ба ин баҳс хотима гузошт.
Дар ҳар се тазкирае, ки зикраш рафт, як ҳикояи дигар низ ба мушоҳида мерасад. Чунончи, Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи
2 Шеъри мазкур қитъа аст, на маснавӣ.

пешина
аз 500
навбатӣ