Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Сарафрози тадрисии Гавкушон
Шуд аз лутфи шоҳаншаҳи нуктадон.
Аз ҳамин сарчашма маълум мешавад, ки шоир беш аз ҳафтод сол умр дида будааст:
Чу солаш ба ҳафтоду андак расид, Равонаш ба садри ҷинон орамид (6, 97).
Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, соҳиби «Тазкират-уш-шуаро» дар оғози мақолаи Сират ўро бо камоли хушгуфторӣ ва суханпардозӣ тавсиф мекунад ва баъд аз овардани қитъае меафзояд:
«Мушорунилайҳ аз акобирзодагони хиттаи маъмураи Балх буда, ба ҷиҳати касби камол аз назди уламои завиюлафзол қадами саъйро фарсуда, ба чандин риёзат ба сари мазороти бузургон ва ба камоли иқомат ба ҳалқаи суҳбати азизон ливои ҷомеиятро дар арсаи майдони анвои улуми ақливу нақлӣ ниҳода ва абвоби табаҳҳурро дар ҷодаи бўстони анҳои фунуни асливу фаръӣ кушода, охируламр ба ҳукми зобитаи нахвия «афзал-ут-тафзил ло ятаъаддаду» аз мароҳими султонӣ ва мақорими хусравонии ҳазрати амирулмўъминин дар мансаби аъламии дорулфохира сарфароз ва аз байни соири уламои аср мумтоз гардида, то он ки дар санаи 1316 ҳ. алами аъламӣ ва қадами саъйро дар олами арвоҳ варзида» (4, 172).
Дар мавриди улуме, ки Сират аз онҳо баҳраёб будааст, Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ дар «Тазкират-уш-шуаро»-и худ менависад, ки «билҷумла дар ҳар илм аз ҷузъиёт, мисли муаммо ва чистону шеър ва ғайру золика ва аз мантиқу ҳикмат ва наҳву сарф беназир ва дар боби тақво ва вараъ низ тасобиқ бо ҳамгинон дошт. Бо сўфиё бисёр мухлис ва муътақид. Аксар намози ҷумъа бо шоҳ эҳсо мегузорид. Бо эшон Султонхон изҳори эътиқод мекард. Дар ҳарду илм – ҳол ва қол олим буд, боз дар ғояти ҳилму тамкину тавозўъ, касе аз ў ҳаракати ношоиста мушоҳида накарда» (1, 102).
Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Мирсиддиқхони Ҳашмат низ фазоили Сират як-як номбар ва дар ниҳоят таъкид шудааст, ки «он ҷанобро авсофи берун аз теъдоду таҳрир аст» (8, 73).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё