Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

ин маълумотро такмил медиҳад ва баъзе нукоти тоза илова мекунад. Ў исми шоирро домулло Абулфазл Садри аълами Балхӣ ва тахаллуси ўро Сират зикр карда, дар 14 байт перомуни аҳволу шахсияти ин адиб маълумоти худро ҷой медиҳад. Зикри исми Сират дар ин тазкира бо чунин абёт шурўъ шудааст:
Абулфазли баҳри улуму ҳикам, Ба ҳар илм гашта ба олам алам.
Зи уммулбилод омада дар Бухор, Баровард дар ҳар ҳунар иштиҳор.
Ба аснофи шеъру ба анвои илм, Шуда шўҳра бо зўҳду тақвову ҳилм (6, 97).
Чунонки ба мушоҳида мерасад, дар баробари зикри фазоили мамдўҳ муаллиф баъзе нукоти дур аз таоруф ва ситоишро низ қайд мекунад ва ин тарзи нигориш хоси қалами Садри Зиёст. Масалан, бо ишора ба сурати Сират мегўяд:
Чу ў сурати хубу зебо надошт, Тахаллус дар ашъор Сират гумошт.
Аммо дар мавриди хушодобиву хушхулқии ў Садри Зиё бо Возеҳ комилан ҳамназар аст:
Накўгўву хушхўву ширинкалом, Адофаҳму некўсухан некном.
Ҳамин муаллиф дар бораи қозиюлқуззоти Кешу Ҳисору Насаф таъйин шудани Сират хабар медиҳад ва илова мекунад, ки ў ба шарофати донишу фазлу камоли худ аъламу садри донишмандони Бухоро гардид:
Басе сол қозӣ або фарраҳӣ, Шуд аз юмни алтофи шоҳаншаҳӣ.
Ба амсоли Кешу Ҳисору Насаф, Расида зи лутфи шаҳӣ аз шараф.
Чу дар байни амсол мумтоз шуд, Ба илму ба дониш беанбоз шуд.
Ҳилоли камолаш чу гардид бадр, Дар охир шудаш аъламу гашт садр.
Ба қавли Садри Зиё, Сират дар поёни умр дар маҳаллаи Говкушон ба тадриси илм барои шогирдон машғул будааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё