Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Чуноне ки аз ахбори сарчашмаҳо маълум мешавад, ў тақрибан солҳои 20-уми асри ХІХ дар хиттаи Балх дар хонаводаи ашрофзодагон ба дунё омада, дар ҳамон ҷо маълумоти ибтидоиро мегирад ва барои идомаи таҳсил ба Бухоро меояд. Ин ҷо улуми мухталифи замон: сарфу наҳв, луғат, муаммо, адабиёт ва ғайраро фаро гирифта, дар ҳамин шаҳр сукунат ихтиёр мекунад. Солҳо бо амри амир қозиюлқуззоти Кешу Насаф ва Ҳисор шуда хидмат кардааст ва дар поёни умр ба тадриси шогирдон машғул шуда, соли 1898 дар Бухоро чашм аз олам пўшидааст. Аксари муаллифони тазкираҳо Сиратро яке аз фозилони замон, донишманди нуктадон, шоири хушбаён ва инсони фурўтану хушахлоқ тавсиф намудаанд.
Чунончи, муаллифи аввалин тазкираи нимаи дувуми асри ХІХ «Тўҳфат-ул-аҳбоб» Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар бораи ў менависад: «Дар аҳди шабоб ба ҷиҳати таҳсили илм аз маскани маъҳуд ба Бухоро омада, аз хидмати устодон файзу фазли тамом ёфта. Бар аксар аз улуми маъқул ва манқул вуқуфи комили тамом дорад ва истеъмори кутуби луғат ва тавориху мушкилоти соири улуми бисёр намуда ва дар фанни таворих ва муаммову ҳалли абёти муғлақа низ салиқаманди софсирату поксарир аст. Хушмуҳовара, нуктасанҷ, рамузфаҳму ҳазлагўй ва некўсўҳбат ва ҳиммати манеъ дорад ва ба тариқаи аҳли тасаввуф ва таарруф дохил ва ҷамеи сулуки олияи нақшбандия тамом намуда… Алҳол ба тадриси талабаи улум машғул аст»
(3, 93). Возеҳ ҳамчунин дар бораи ҳунари хаттотии ў низ хабар медиҳад ва аз маълумоти ў равшан мешавад, ки Сират девонҳои Муиззӣ ва Анвариро нусхабардорӣ карда будааст ва ин санад аз хушсаводӣ ва хушнависии ў дарак медиҳад.
Садри Зиё низ дар тазкираи манзуми худ «Тазкори ашъор»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё