Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кор бурда, мегўяд:
Раҳини миннати гўши гарони хештанам,
Ки то баланд набошад сухан, намешунавам.
Табиист, ки дар ин байт сухан аз овози баланд нест, чунонки маънии зоҳирии шеър далолат медиҳад, балки аз маънии баланд аст, ки на ҳар кас қудрати гуфтани онро дорад.
Зимнан, шоир ба завқи баланду дерписанди худ низ ишора мекунад ва мегўяд, ки на ҳар ки сухан манзум мекунад, мавриди эътибори ў қарор мегирад.
Дар фардбайти дигар мегўяд:
Ман фироқи ёр дўзах гуфтаму кардам ғалат,
Нори дўзах сўхтан дорад, вале ҷонсўз нест.
Дар бораи инсонҳои беимон, ки рахна ёфтани имонашон ҳаргиз боиси озурдахотирии эшон намешавад ва барои ин тоифа ба анборашон ворид шудани муш ғамовартар аст, гуфтааст:
Агар сад рахна дар имон шавад, ҳолаш надорад ғам,
Аз ин ғамгин шавад ногаҳ шикофад муш анбораш.
Дар бораи ҳамдастиву ёварӣ ба ҳамдигар, ки асоси равнақу пешравист, дар фарди зерин гуфтааст:
Ривоҷу равнақи улфат зи дасти якдигар бошад,
Надорад лутф он мисраъ, ки танҳо дар китоб афтад.
Ба андешаи шоир, инсони танҳо ба мисли мисраест, ки ҷудо аз байт дар китоб танҳо меояд ва маънии он ҳаргиз комил нест.
Сират дар гуфтани моддаи таъриху муаммо низ аз устодони баландмартаба аст. Дар девони Сират ин анвои шеърӣ зиёд ба назар мерасад. Моддаҳои таърихе, ки шоир ба муносибати соҳиб шудан ба садорати илмӣ, таърихи фатҳи Ҳисор, таърихи меҳмонхона, бинои мадрасаи кошғарӣ иншо намудааст, аз завқи баланду табъи равони ў дарак медиҳанд.
Ҳамин тариқ, баррасии аҳвол ва осори домулло Абулфазли Сират ба хулосае меорад, ки номбурда аз фузалои замони худ буда, дар улуми мухталифи диниву дунявӣ тасаллути комил доштааст ва аз ашхоси боэътибори нимаи дувуми садаи ХІХ маҳсуб меёфтааст. Дафтари шеъре, ки аз ў ба ёдгор мондааст,

пешина
аз 500
навбатӣ