Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Аз пошикастагон талаби Каъба мушкил аст, Он Каъбае, ки даст диҳад, Каъбаи дил аст.
Дар бораи духтари Ғазолии Яздӣ мегўяд, ки «Табъаш дар назм басе пуршўр аст». Намунае, ки меорад, воқеан дуруст будани ин тавсифро тасдиқ мекунад:
Кўҳкан беҳуда шўре дар ҷаҳон афкандааст, Канда санге чанду пиндорад, ки кўҳе кандааст.
Бибӣ Ҳаётро «зарифа» меноманд ва байти зер, ки ба муносибати издивоҷи Хоҷа Қивомиддин бо Ҷаҳонхотун гуфтааст, ба тасдиқи ин ҳарф аст:
Ҳар ки ғами ҷаҳон хурад, кай хурад аз ҳаёт бар, Рав, ту ғами Ҷаҳон махур то зи Ҳаёт бархурӣ.
Нуктаи дигар ин аст, ки Фахрии Ҳиравӣ мувофиқи суннати тазкиранигорӣ амал карда, кўшиш намудааст, дар бораи шоираҳо ҳикояти ҷолибу хотирмон орад. Чунончи, дар бораи Дилором, Оиша, Маҳастӣ, Ҷаҳонхотун, Меҳрӣ, Бичаи Мунаҷҷима ба ғайр аз аслу насаб ва макону замони зиндагии онҳо ҳикоёти дилпазиру рангин сабт шудааст. Масалан, ҳамроҳи Баҳроми Гўр ба шикор баромадани Дилором, дар мушоира бо Убайди Зоконӣ ғолиб омадани Ҷаҳонхотун, бо Абдураҳмони Ҷомӣ баробарӣ ҷустани Бичаи Мунаҷҷима ва ғайра. Дар ин маврид, соҳиби тазкира пеш аз сар кардани ҳикоят калимаҳои «гўянд» ё «овардаанд»-ро меорад. Чунонки:
«Гўянд, шабе Маҳастӣ бар сабили касби ҳаво аз маҷлиси султон берун омад...».
Ё: «Овардаанд, ки Ҷаҳонхотун бо Хоҷа Ҳофиз мулоқот карда ва Хоҷа ин ғазали худро ба ў хондааст, ки:
Дардам аз ёр асту дармон низ ҳам, Дил фидои ў шуду ҷон низ ҳам».
Дар иртибот бо ҳикоёти тазкира ҳамин нукта низ афзуданист, ки муаллиф кўшиш кардааст, ҳаҷву мутоиба ва зарофатро, ки миёни шоирон будааст, зикр намояд ва бо ҳамин роҳ тазкираи худро муассиру хотирмон ва ҳикоёти онро намакин созад. Аксари ҳикоёте, ки ҳаҷву мутоиба доранд, дар заминаи муносибатҳои ҷинсӣ ба миён омадаанд. Чунончи, муносибати Меҳрӣ, Бибиотун, Заифӣ бо шавҳарони пирашон, мутоибаи Бичаи Мунаҷҷима бо Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷаҳонхотун бо Убайди Зоконӣ ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё