Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунончи, Меҳрӣ ба Ҳаким мегўяд:
Шўи зани навҷавон агар пир бувад...
Ё ки Отун ба Мавлоно Бақоӣ гуфтааст:
Мулло ҳама нозу ғамзаат кушт маро...
Дар баробари ин баъзе зарофатҳое аз занон дар ҳолатҳои дигар низ бадоҳатан гуфта шудааст. Масалан, Ҷаҳонхотун ба Хоҷа Ҳофиз ин бадеҳаро гуфта ки:
Ҳофизо, ин майпарастӣ то ба кай, Май зи ту безору мастон низ ҳам.
Ё Офоқбикаи Ҷалоир, дар вақте ки аз шароб тавба карда, пеши Бадеъуззамон Мирзо нишаста буд ва Мирзо косаи май хўрд, гуфтааст:
Ман агар тавба зи май кардаам, эй сарви сиҳӣ Ту худ ин тавба накардӣ, ки маро май надиҳӣ.
Ин абёт чанд нуктаро метавонад равшан кунад:
а) Занон дар маҷлисҳои салотин ва суханварон ширкат доштаанд; б) Дар мушоираҳо ширкат карда, гоҳе ғолиб меомаданд; в) Дар ҳаҷву мутоиба на камтар аз мардон зарофат доштаанд.
Занон тавассути шеър озодфикриашонро нишон додаанд.
Забони «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» содаву ширин аст ва бо лутфи сухан ороста. Соҳиби тазкира, ки худ шоир низ будааст, таркибу иборати шоирона ва санъати саҷъро фаровон ба кор бурдааст. Масалан, дар бораи Баҳроми Гўр гуфта, ки ў «подшоҳе буд бағоят зишавкату забардаст, ҳеҷ касро тоби сарпанҷаи диловарии ў набудӣ» ва дар бораи Дилором афзуда: «Ва ў маҳбубе дошт Дилором ном дар ҳусну ҷамол нодираи даврон ва ба фаҳму фаросат шўҳраи айём».
Ё дар бораи духтари Ғазолӣ гуфта: «Гўянд, ба ҳусни сурату сират ороста аст. Табъаш дар назм басе пуршўр аст».
Фахрии Ҳиравӣ дар тазкираи худ аз пургўӣ ҳазар карда, дар аксари маврид ҷумлаҳои кўтоҳ меорад. Дар бораи баъзе шоирон танҳо бо як-ду ҷумла ва намунае аз шеъри онҳо иктифо варзидааст. Мақолоти нисбатан калонтар дар барои Маҳастӣ, Ҷаҳонхотун, Меҳрӣ ва Бича аст ва тамоман мухтасар дар бораи духтари Қозии Самарқанд, хонум Хонзодаи Турбатӣ, Партавӣ, Бибӣ Орзуи Самарқандӣ, Ҳаёт, духтари Иффатии Исфароинӣ, Нисоӣ ба назар мерасад.

пешина
аз 500
навбатӣ