Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар мақолот ҳамчунин кўшиш шуда, ки иртиботи шоираҳо бо шахсиятҳои бузурги рўзгор, аз ҷумла бо салотину акобир ва шоирон нишон дода шавад. Аз ҷумла, соҳиби тазкира борҳо номҳои Ҳоҷа Ҳофизу Абдураҳмони Ҷомӣ, Убайди Зокониву Алишери Навоиро зикр мекунад. Ба ғайр аз ин, дар якчанд мақола байти шоҳиди занони сухангўйро дар миёни абёти ҳамгуни шоирони замон меорад ва, бо ҳамин роҳ, гўё мехоҳад ҳунари бонувонро махсус таъкид кунад. Чунончи, дар мақолаи Ниҳонӣ, байтеро аз Мавлоно Ҷомӣ бо қофияи «парирўро – некўро» меорад ва дар ҳамин баҳру қофия абёти Мавлоно Бисотӣ, Мавлоно Наргисӣ, Мавлоно Оҳӣ, Мавлоно Ҳайратӣ, Мирҳодии Машҳадӣ, Мавлоно Қосимии Гоҳӣ ва худи муаллифро афзуда, дар поёни мақола байти Ниҳониро меорад.
Дар мавриди Нисоӣ, Фахруннисо байтеро аз ў оварда, абёти дигаронро ба он дар ҳамин баҳру қофия илова мекунад.
Мақолаи «Муғулхонум» низ ба ҳамин усул матраҳ шудааст. Соҳиби тазкира байтеро аз Муғулхонум оварда, ба ҷавоби байти Убайдхон будани он ишора мекунад, баъдан байти Убайдхонро нақл ва татаббўи байти Амир Алишер будани онро зикр мекунад ва баъди овардани байти Амир Алишер абёти Қосими Туркигўй, Муҳаммад Солеҳ, Мавлоно Шавқӣ, Валибекро шоҳид меорад.
Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки Султон Муҳаммад Фахрии Ҳиравӣ бо тазкираи худ «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» хизмати бузурги адабиву таърихиро анҷом додааст:
Аз ҷумла:
- Бори аввал тамоми асноду ҳикоёти барояш дастрасро роҷеъ ба аҳвол ва ашъори занони суханвар ҷамъ карда, дар китоби алоҳида танзим менамояд.
- Фахрии Ҳиравӣ ба занони соҳибқалам бо камоли эҳтиром муносибат кардааст, аммо чун мақсади ў фароҳам овардани китобе ба хотири хушҳолии Моҳимбегим будааст, бештар шўхиву зарофат ҷамъ овардааст, ки дар он миён гоҳе хубсиёт низ ба мушоҳида мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё