Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар он диёр дар тутуқи исмату сародиқи эътибор аз таъриф мустағнианд».
Ё: «Бибӣ Яздӣ аз вилояти Маймана ва Қиёр аст ва аз хешони Мавлоно Оҳӣ аст. Чун ҳама мардуми он ҷо турканд, ҳам ба таври худ назм мегўянд ва табъашон холӣ аз латофат нест».
Роҷеъ ба замони зиндагии шоираҳо муаллиф асноди дақиқ ва санаҳоро зикр накардааст, вале аз рўи ишораҳои ў, ки фалонӣ дар давраи фалон ҳокиму султон умр ба сар бурдааст ё бо фалон шахси машҳур хешовандӣ доштааст, мешавад давраи зиндагии онҳоро муайян намуд. Масалан, Маҳастӣ дар дарбори Санҷар хизмат кардааст, Биби Меҳрӣ дар айёми давлати Шохрух Мирзо дар мулозимати Гавҳаршодбегим будааст, Подшоҳхотун дар айёми султони Ғозон буда. Ё ки:
«Духтари Иффатии Исфароинӣ аз хайли худамои шайхи Озарии алайҳумарраҳма будааст», «Бибӣ Яздӣ аз хешони Мавлоно Оҳӣ» аст. Шайхи Озарӣ ва Мавлоно Оҳӣ аз шахсиятҳои маъруфе ҳастанд, ки дар асри ХVI умр ба сар бурдаанд.
Тавсифҳое, ки Фахрии Ҳиравӣ дар бораи шоираҳо овардааст, якранг нестанд. Дар аксари маврид сухан аз фаҳму фаросат ва ҳусну ҷамоли шоираҳо меравад. Масалан, дар бораи Дилором мегўяд: «Дар ҳусну ҷамол нодираи даврон ва ба фаҳму фаросат шўҳраи айём».
«Маҳастӣ» бағоят хуштабъ ва ба аҳли назм моил...».
Подшоҳхотун «Фозилаву одила ва зеботинат буд ва ба анвои фазоил ва камолот ороста».
Ҷаҳонхотун «дар ҳусну ҷамол назир надошта... ва ҳама ўро дар зарофат ва латофати табъ ва ҳусни идрок мусаллам медоштанд».
Бибӣ Ҳаёт «зарифа ва орифаи рўзгор буд».
Аз ин тавсифҳо маълум мешавад, ки соҳиби тазкира кўшиш кардааст фардияти ҳар кадом шоираро махсус зикр кунад ва якеро зебову бофаросат, дигареро афифаву солеҳа, севумро зарифаву орифа ва ғайра васф кардааст. Ва ашъоре, ки аз онҳо овардааст, ба тавсифоти ҳар кадом мувофиқ аст.
Чунончи, Исматиро «солиҳа ва соҷида» мегўяд ва байте аз ў меорад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё