Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ҳалли ҳар нукта, ки бар пири хирад мушкил буд, Озмудем, ба як ҷуръаи май ҳосил буд.
Ҳар нуктае, ки ҳалли он ба олим мушкил аст, барои ориф ҳал шудааст, зеро ориф медонад, ки тамоми корҳо дар дасти маъшуқ аст ва ҳалли онҳо низ дар мастӣ, яъне, аз худ гузаштани ошиқ аст.
Байти дигари ин ғазал, ки талмеҳе ба Бобулу Ҳорут дорад, хеле пурмаънӣ ва хушоҳанг аст:
Он чи аз Бобулу Ҳорут ривоят карданд, Сеҳри чашмони ту дидам, ҳамаро шомил буд.
Ҳоруту Морут дар адабиёти форсу тоҷик аз тимсолҳои маъмули адабиёти классикӣ буда, бунёдашон бар ривояти динист. Ин ду малоика аз ҳама асрори мардум, хоса ишқварзии онон ба Худо хабар мебурданд ва боре аз Худо хостанд, ки онҳоро ба сурати инсон дарорад, намунаи покизагиву порсоиро ба мардум нишон диҳанд. Чун Худо хоҳиши онҳоро ба ҷо овард ва онҳо сурати Зўҳра – фариштаи ишқро диданд, ваъдаи худро фаромўш карданд ва ба ғазаби Худо гирифтор шуда, ба чоҳи Бобул сарозер афканда мешаванд.
Яъне, дар ин байт сухан аз малакест, ки ба сеҳри ишқ тоб наовард ва гирифтор шуд. Сеҳри чашми маъшуқ низ дар назари гўянда, бо он ки гирифторӣ ба он азияти чоҳи Бобулро пеш меорад, на камтар аз сеҳрест, ки Ҳорут ба он гирифтор шуд. Яъне, дар ин байт тавоноии қувваи ишқ ва нотавонии гўянда дар роҳи саркашӣ аз он ба қалам омада. Гузашта аз ин, дар баробари санъатҳои бадеие, ки ба назар расид ва вазни хушоҳанги рамали мусамман (фоилотун, фоилотун, фоилотун, фоилун) такрори овозҳои «р», «ҳ» ва овози «ш» дар мисраи дувум ба таъмини мусиқии шеър мусоидат кардааст.
Мувофиқи маълумоти Аҳмад Гулчини Маонӣ «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» бори аввал дар Лакҳнав соли 1873 мелодӣ дар
23 саҳифа ба табъи сангии мағлуте расидааст, ба тавре ки дар зикри мусаммоти Ҳаёт (19-20) тарҷума ва шеъри се шоира дарҳам рехта шуда, ки яке Туниотун аст, дигареро нашинохтам, баъд аз ин дар ҳамон сомон як чопи дигар ҳам шудааст, ки таърихи онро намедонам ва сипас дар маҷаллаи урдуи «Аврангобод» бо ҳавошии Ҳаким Шамсуллоҳи Қодирӣ ба табъ расида».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё