Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ФАХРИИ ҲИРАВӢ ВА «ҶАВОҲИР-УЛ-АҶОИБ»-И Ў

Султонмуҳаммад Фахрӣ ибни Муҳаммад Амирии Ҳиравӣ (1493-1562/63) шоир, насрнавис, тарҷумон, тазкиранигор ва адабиётшиноси навоварест, ки аз ҳавзаи адабии Ҳирот бархоста, ба халқаи адабии Ҳиндустон пайвастааст. Падари Фахрии Ҳиравӣ муддате аморати Ҳиротро бар ўҳда дошт ва, бад-ин сабаб, дар шеърҳояш Амирӣ тахаллус карда буд. Ин марди фарҳангпарвар бо шоирони маъруфи ҳамзамонаш Бадриддини Ҳилолӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ ва дигарон робита дошт.
Фахрии Ҳиравӣ як муддат дар Ҳирот зиста, баъдан бо сабаби бад шудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Хуросон ба Ҳиндустон кўч баста ва боқии умрро дар ҳамин кишвар гузаронидааст. Аз ў осори зерин ба ёдгор мондааст:

  1. «Ҳафт кишвар» – асари мансур омехта бо афсонаву таърих.
  2. «Латоифнома» – тарҷумаи форсии «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишери Навоӣ аст, ки мутарҷим ба он андаке афзуда ва номи асарро иваз кардааст.
  3. «Тўҳфат-ул-ҳабиб» – маҷмўаи ашъоре, ки шоирон дар иқтифои якдигар сурудаанд ва ба тартиби қавофӣ танзим шудааст.
  4. «Саноеъ-ул-ҳасан» – асаре дар илми бадеъ.
  5. «Равзат-ус-салотин» – тазкираи салотини шоиртабъ.
  6. «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб» – тазкираи шоирон.
  7. Девони ашъор.
    Аз номгўи осори ў маълум мешавад, ки Фахрии Ҳиравӣ марди фозилу хуштабъ буда, бештар ба омўзиш ва ҷамъ овардани ашъори шоирони мутақаддим ва муосир майл доштааст ва аз осори номбурда сетои он дар шакли тазкира ва яктояш дар шакли «Радоиф-ул-ашъор» навишта шудааст. Аммо қобили қайд аст, ки ҳар кадом махсусияти худро дорад ва як навъ ибтикоре аз ҷониби мусанниф аст. Чунончи, «Латоифнома»
    тарҷума ва такмилаи тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и Мир Алишери Навоӣ аст ва корест ғайриодӣ, зеро намешавад онро тарҷумаи маҳз гуфт ё асари таълифӣ ва то ҳол баъзеҳо онро асари Фахрии Ҳиравӣ меҳисобанд. «Тўҳфат-ул-ҳабиб» – аввалин ва қадимтарин радоиф-ул-ашъор аст, ки дар он ғазалҳои истиқболияи 254 нафар шоирони асрҳои ХIV-ХVI мувофиқи радифашон ба тартиби алифбои арабӣ ҷой дода шудаанд.
пешина
аз 500
навбатӣ