Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа
Само гаҳ беғубору гаҳ багард аст,
Вуҷуди ин ҷаҳон гаҳ гарму сард аст.
Набошад якмаромиҳо дар ин даҳр,
Гаҳе бедарду гоҳе пур зи дард аст.
Рақиби мову ту як ном дорад,
Ба қасди мо ҳамеша дом дорад.
«Ҳасад» номида ӯро аҳли дунё,
Нигаҳ бар пухтаву бар хом дорад.
НИДОИ ГУЛ
Сар бурун кардам барои зиндагӣ,
Бо ҳазорон ранги дилкаш баҳратон,
То диҳам ман накҳате бар бандагӣ,
Сабзу хуррам гашта аз ман шаҳратон,
Дилбаронро раҳнамоӣ мекунам,
Пайки аввал мебарам ҷои сухан.
Ман ки рамзам, худнамоӣ мекунам,
Рози худро ҳар ки меҷӯяд зи ман.
Ман тароватбахши рӯҳи одамам,
Анбаристон мекунам ғамхонаро.
Як нишони навбаҳори оламам,
Накҳатафшонӣ кунам кошонаро.
Гаштаам баҳрат агар ман ҷонфидо,
Хотири шодат маро афсурда кард.
Эй намедонӣ, маро кардӣ ҷудо,
Ин амал охир маро ҳам мурда кард.
ЁРИ МАН
Кай шавӣ, эй ёри ман, меҳмони ман,
Ҷои ту бар дидаву чашмони ман.
Хони дил ишқ аст, агар пешат барам,
Васли ту чун тӯҳфаи армони ман.
Ман ба дунёи ҳавас дорам сафар,
Орзу сарпеч аз фармони ман.
Мардуми чашму дилам дар роҳи ту,
Оби дида бар сари мижгони ман.
То ба кай печам ба ёди ту ба худ?
Уқда дорад риштаи афғони ман.
Гар биёӣ ту, зи худ берун шавам,
Гул кунад аҳди туву паймони ман.
Эй биё, Муштоқ, ин даҳри дудар
Интизори мову ту, эй ҷони ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё