Зеҳн
Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БАҲОР АСТУ БИЁ, БЕ ҒАМ НИШИНЕМ

Талаб дорам, бигирам бӯсаи лаб,
Туро хонам, туро бар хонаи шаб,
Бигӯям то саҳар асрори дилро,
Маро, ҷонам, бубар бар сӯи матлаб.

Баҳор асту биё, бе ғам нишинем,
Зи рӯи якдигар гулҳо бичинем,
Чу мӯии бофта гулҳои печон,
Хазон ояд агар, бо ҳам бубинем.

Замона карда дунёро дигаргун,
Ҳама ғамҳо бувад аз дасти гардун,
Намедонам ба кӣ додам бигӯям,
Яке ошуфтаву дигар ҷигархун.

Фузун созад нафас ғамро паёпай,
Зи боди ғам барояд нолаи най,
Ҳамеша дарди ӯ дарди фироқ аст,
Кӣ медонад, ба мақсад мерасад кай.

Биё, ки умри мо ҳамчун баҳор аст,
Ғанимат лаҳзаи бӯсу канор аст.
Ало ёрам, ба додам мерасӣ кай,
Ба ҷуз ёдат маро дигар чӣ кор аст?!
Макун афсун, куҷо ман ром гардам,
Наям мурғе, ки банди дом гардам,
Ҳазорон бор агар ҷоду бисозӣ,
Бидон, ки пухтаам, кай хом гардам.

Ало ёрам, маро ту хаста кардӣ,
Ба ишқи поки худ побаста кардӣ,
Бирафтию мани танҳо бимондам,
Намедонам, ба кӣ вобаста кардӣ.

Шабе танҳо нишастам то саҳар ман,
Зи ғамҳоят шудам хуни ҷигар ман,
Нахобидам чу булбул то саҳаргоҳ,
Кашидам кулфати дунё ба сар ман.

Бигӯ, эй гул, чаро ту кина дорӣ,
Ғами дунё ҳама дар сина дорӣ?
Зи хуни ман шуда дасти ту рангин,
Чаро ин лаҳза майли ҳина дорӣ?

пешина
аз 17
навбатӣ