Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа
АШКИ ҒАМ
Дар самои ишқи ту, дил ёди ҳиҷрон мекунад,
Абри дида ашки ғамро резаборон мекунад,
То бирӯяд сабзаи хушнакҳате андар дилам,
Анбаристони хаёлам аҳду паймон мекунад.
Киштазорони муҳаббат сабзу хуррам доиман,
Донаи уммеди ман дар хирман армон мекунад.
Аз фиреби киштгардонии ишқ андар замин
Ин сафар Муштоқ азми сайри кайҳон мекунад.
ДУБАЙТИҲО
Дареғи умри он, ки бесамар буд,
Аз ин дунёи рангин бехабар буд.
Надорад он, ки нақше андар ин даҳр,
Чу лавҳи пурхато дур аз назар буд.
Туро ҳар як нафас андар ҳисоб аст,
Амал гар нек бошад, дар китоб аст.
Бидон, ки ҳар нафас бошад ғанимат,
Чу боде умри одам дар шитоб аст.
Ба чашми дил ба сӯям як нигаҳ кун,
Зи рашки кинаҷӯ ишқам панаҳ кун.
Ду чашмони базебат дилфиребанд,
Муроди тифли қалбамро ба раҳ кун.
Шабу рӯзе, ки меояд пайи ҳам,
Зи умри мо шавад ҳар соате кам.
Чуноне зӣ, ки бори зиндагонӣ
Нагардонад ниҳоли қоматат хам.
Забонам мешавад гаҳ душмани ман,
Ҳазорон захм монад бар тани ман,
Набошад гар даво заҳри суханро,
Бихезад наҳсие аз домани ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё