Зеҳн
Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ГАНҶИ ДУНЁ

Зиндагонӣ дар Ватан дорам ҳавас,
Ганҷи дунё баҳри ман ин асту бас.

Бо хаёли парфишонӣ дар чаман
Мурғи саҳро нола дорад дар қафас.

Шукр гӯям, ман нагаштам дар ба дар,
Тоҷи ғурбат хуш намеояд ба кас.

Гирдбоди сахт агар сӯям вазад,
Ман сабукборӣ намесозам чу хас.

Ҳамчу Муштоқи диёри орзу
Бо ту ҳастам, бо ту бошам ҳар нафас.
Ш У К Р

Андар ин даҳри куҳан гар чун ғариб афтодаем,
Мо зи васлу асли худ гаҳ бенасиб афтодаем.

Гарди кин пайваста дорад майл бар домони мо,
Эй фалак, бар якдигар мо чун рақиб афтодаем.

Баҳри мо номеҳрубониҳо фузун омад аз он,
Лоғару бишкаста бар ғамҳо қариб афтодаем.

Раҳми ҳақ бар миллати дилхастаам омад кунун,
Гарчи беморем, дар пеши табиб афтодаем.

Шукри ҳақ Муштоқ кун, аз асри нав хушҳол бош,
З-он ки дар асри навин мо бо ҳабиб афтодаем.
ОЛАМИ НАНГ

Хоби ноз аз дидаҳо дорад сафар,
Бо хаёле мекунӣ шабро саҳар.
Рафта аз ёдат дами осудагӣ,
То шикастеро расонӣ бар зафар.

Дар миёни киштаҳои беканор
Марди заҳмат аз ту дорад ифтихор.
Ҳамдаму дасти саховат дидааст,
Зарфишонӣ мекунад баҳри диёр.

Регу сангу обу хоки ин Ватан,
Сабзаву себаргаҳову ёсуман.
Ҳамдилу аз дарди қалбаш гӯиё
Лаб кушода бар ту мегӯяд сухан.

Марди оқил, аз ҳама дорӣ хабар,
Аз бадон бо нек меоӣ зи дар.
Бо фитода ҳамнишину ҳамдамӣ,
Меҳрубонӣ бар ятимон чун падар.

Ҳар нафас андар хаёлат меҳан аст,
Нангу номусат ба тан чун ҷавшан аст.
Тутиё хоки Ватан бошад туро,
Хорзораш баҳри ту чун гулшан аст.

Дар паноҳи худ гирифта кирдгор,
Осмони бахт дур аст аз ғубор.
Гашта гулгун шаҳру деҳа дам ба дам,
Аз ту дорад халқ доим ифтихор.

пешина
аз 17
навбатӣ