Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа
ТИФЛИ ШОДӢ
Чӣ донад тифли шодиям,
Дар ин дунёи ғамобод.
Қалам аз баҳри тасвире
Сари худ медиҳад барбод.
Чӣ донад тифли шодиям,
Дар ин дунёи ғамобод,
Зи баҳри ишқи ширинаш
Канад ҷӯ то кунун Фарҳод.
Чӣ донад тифли шодиям,
Дар ин дунёи ғамобод,
Касеро даст агар гирӣ,
Худо созад ба ту имдод.
Чӣ бинад тифли шодиям,
Дар ин дунёи ғамобод,
Чу бинад кори бадхӯро,
Зи мағзи ҷон кашад фарёд.
Бубин, эй тифли шодиям,
Салоҳи мулки тоҷикон,
Зи нав боз аҳди Сомонӣ
Ба ҳам пайваста наздикон.
Қ И С М А Т
Ғарибам ман дар ин дунёи фонӣ,
Надорам ман ба ғайрат раҳнамое,
Набошам дар ҷаҳон ҷовидонӣ,
Ба ҳукмат меравам аз ҷо ба ҷое.
Барад қисмат якеро сӯи мастӣ,
Зихудрафта намеояд ба худ боз,
Манам як мурғи болупаршикаста,
Надорад паршикаста майли парвоз.
Ҳама одам, вале қисмат дигаргун,
Яке ояд, дигар дорад тараддуд,
Гаҳе хандон лабу гоҳе ҷигархун,
Набахшад меҳри дунёӣ ба кас суд.
Ватан, эй дони саҳрои муҳаббат,
Туро дар хоки дил парвардаам ман.
Бидодам обат аз рӯди садоқат,
Барои ту ҷигар хун кардаам ман.
Гулу хорат кунам чун тоҷ бар сар,
Ба чашми ман наметобад хазонрез
Зимистону баҳорат файзи кишвар,
Ду фасли дигаре дорӣ шакархез.
Фараҳ бахшад ба кас ҳар боғу гулзор,
Давобахши ҳазорон дарди одам.
Ба васфи чашмаҳоят қисса бисёр,
Бурун орад зи дилҳо ғуссаву ғам.
Ҷилои лаъли ту дар Ҳинду Чин аст,
Нишони ганҷу дороӣ ба дунё.
Нигине гӯӣ бар ангуштарин аст,
Бигӯяд қиссаатро аҳли дунё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё