Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа
Ба ғамдору ятиму бепарастор
Кушода хони эҳсонро падарвор.
Шукуфон боғи армони ниёгон
Зи файзу аз шукӯҳи мулки Раҳмон.
Ба ақсои ҷаҳон шуд эҳтиромаш,
Ҳамеша покии дунё маромаш.
Аз ин рӯ қуввати барқаш зи об аст,
Зи рӯди Вахшу Панҷи бошитоб аст.
Табиатро намесозад халалдор
Зи дуди боруту заҳри хатарбор.
Заминаш гулфишон асту пур аз гул,
Ба гӯши олам аст овои булбул.
Парафшон парчами сулҳи хирадманд.
Ба ҷамъи кинаварзон медиҳад панд.
Шакар мерезад аз панду каломаш,
Ба Қуръони Шариф аст эҳтиромаш.
Худовандо, нигаҳ дораш ба олам,
Набинад ҳеҷ гаҳ ӯ ғуссаву ғам.
Чу Муштоқ ин сухан пайваста гӯяд,
Илоҳо, хори кин асло нарӯяд!
В А Т А Н
Ту ҳастиям, ту даргоҳи умедам,
Туӣ осоишам, бахти сафедам.
Ҳама оғозу анҷоми манӣ ту,
Ба тори нурафшони ту шедам.
Даме созам агар аз ту ҷудоӣ,
Наёбам ман зи банди ғам раҳоӣ.
Мани саргашта нолам дар фироқат,
Биҷӯям гарди хокат бо гадоӣ.
Ватан, хору хасат ороми ҷон аст,
Миёни регу санги ту макон аст.
Нагаштам бар дари бегонае ман,
Бароям бас, зи аҷдодам нишон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё