Зеҳн
Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

НЕКНОМ

Ҳаст он дар ёди кишвар ҷовидон,
Дар самояш ҳамчу ахтар ҷовидон.
Мекунад таърих кору номи нек
Сабт дар худ бо хати зар ҷовидон.

Ӯ ба мардӣ сангари сангин шикаст,
Дар саманди шӯҳрати олам нишаст.
То бирӯяд донаи сабзи умед,
Бар рухи ҳар майса чун шабнам нишаст.

Ҳосили ганҷат зиёд андар замин,
Халқ хондат аҳсану сад офарин.
Шӯҳрататро мешавад оинадор
Сар ба гардун қуллаҳои нуқрагин.
ИМШАБ

Туӣ дар шаҳри дил меҳмонам имшаб,
Фурӯзам шамъи ишқ аз ҷонам имшаб.

Ба ёди ҳар нигоҳи дилфиребат
Бигӯям ҳасрату армонам имшаб.

Манам маҷрӯҳи саҳрои фироқат,
Ба васли худ бикун дармонам имшаб.

Манам дар маҳбаси сангини зулмат,
Ба озодӣ бидеҳ фармонам имшаб.

Ду дида интизорат субҳу шом аст,
Намо равшан дили пазмонам имшаб.

Биё, Муштоқ бошад интизорат,
Ба роҳат во дари чашмонам имшаб.
ХИРАДПАРВАР

Ба бахти ин Ватан марди накӯкор,
Намуда во гиреҳ аз банди асрор.

Ватанро ӯ раҳонид аз ғаму дард,
Шукуфта лолаҳо бар ёлаи зард.

Саропои вуҷудаш олами нанг,
Дарида қалби кӯҳу синаи санг.

Басо пул баставу нақби фузун канд,
Раҳи бубридаро ӯ кард пайванд.

Ба Эрону ба Чину мулки Афғон
Кушода ҷодаҳои бахту армон.

Ба ёди рӯзи неки халқу кишвар
Бигашт ӯ рӯи оламро саросар.

Сафарҳо бобарору боҳарорат,
Сиёсатпешае бас бомаҳорат.

Ҳазорон дӯстонро гирд овард,
Ҳамеша баст паймонро ҷаҳонмард.

Сиёсатогаҳу ҳушёру доно,
Хирадманду дилогоҳу тавоно.

Бафарҳангу бапаймону баимон,
Саходасту ҳаме бохайру эҳсон.

пешина
аз 17
навбатӣ