Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа
Ай Наврӯзи покниҳоду некпай, деҳқон бо умеди ҳосили хуб бардоштан донаҳои умеди хешро дар хоки файзбахш кишт мекунад, то ранҷаш самараи дилхоҳ бидиҳад. Аз ин лиҳоз, ай Наврӯзи оламафрӯз, саховати хешро ба мардум арзонӣ дор! Борони раҳмататро бифирист, то ки хони мавҷудоти олам аз нозу неъматҳо ғанӣ гардад.
Ай Наврӯзи меҳровару меҳрафрӯз! Қадамҳои хуҷастаи туро сараввал модарону бонувони поктинату боиффати Ватан эҳсос менамоянд, зеро гармии қалби эшон мисли гармии ту тозаву дигар аст. Майсаҳои гандум аввалан дар табақи меҳру муҳаббати онҳо бо омад – омади ту сабз мешавад. Маҳз онҳо беҳтарин ва хубтарин нигаҳдорандаи анъанаву урфу одатҳои ниёгонанд. Аз шабзиндадориҳои эшон, ба туфайли онҳо майсаҳои сабз ва нафаси гарми эшон беҳтарин ва лазизтарин анвои хӯрдании Наврӯз, рамзи Наврӯз – суманак пухта мешавад. Аз ин рӯ модарону занони олам ҳамсони фариштаҳоянд. Онҳо ҳар лаҳза бо тоату ибодат аз Офаридгори олам ваҳдату осоишро талаб намуда, дасти дуо мебардоранд.
Пас, ай Наврӯз, хуш омадӣ! Қадами мубораку сабзи ту ҳар баҳор ба мардум умеду орзуи тоза медиҳад. Бигузор гоми ҳуҷастаи ту ба онҳое, ки туро бо он бузургиву шаҳоматат ҷашн мегиранд, сарзабзиву иқбол биёрад. Ту он нидои Ҷамшедӣ, ки аз қаъри асрҳо пайғоми накӯи ӯро ба мо меорӣ. Ту он шукӯҳи давлати Оли Сомонро ба мо ҳадя меорӣ! Ҷашне ҳастӣ, ки аз гарду ғубори таърих бегазанду беосеб бар мо расидаӣ! Пас, қадами ту чӣ гуна муборак набошад?!
Марҳабо, ай Наврӯз!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё