Зеҳн
Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

НАВРӮЗ ФАСЛИ ЗУДУДАНИ КИНАҲОСТ

Дар баробари чор унсур ва чор фасл Баҳору Наврӯз, ин ду вожаи мероси аҷдодӣ, тӯҳфаест аз офаридагори бузургу тавонманд. Агарчи зимистону тирамоҳу тобистон низ фаслҳои зебоянд, вале Баҳору Наврӯз фасли дигар аст. Фаслест аз ҷавонии ҷаҳони пир, фаслест аз фасли тозакориҳо, фаслест аз фасли гулҳо, фаслест аз фасли дилҳо, фасле аз фасли муҳаббат, фаслест аз фасли ҷилову ҷилваҳои рангу бӯ, фаслест аз фасли накҳатафшонию шукуфаҳо, фаслест аз фасли зудудани кинаҳо, фаслест аз фасли нигоҳҳои саршори меҳр.
Наврӯзи оламафрӯз замонест, ки ҳама мавҷудоти олам аз қафаси қалбҳо бурун ҷаставу дар фазои беолоиши баҳори тозаву нав бол афшонда, ба мавзеъҳои орому бегарду ғубору кин дида медӯзанд.
Он мавзеъро ба такрор таҳқиқ ва бо лаҳни асроромези хеш аз Қудратофари Тавонманд илтиҷо менамоянд, то ки осоишу оромиши онҳоро бо тири ҷонситон, бо садои гӯшхарош, бо нигоҳи ғаразолуди кинаварзе халалдор насозад. Мурғакони муқимию роҳгузару мусофир аз оне, ки ба насли ояндасозу ҳарлаҳзаинаи онҳо рақибе таҳдид нанамояд ба қуллаҳои баланд, ба шухҳои дастнорасу дур аз чашми сайёдони бераҳм, дар баландиҳои дарахтони бузургсолу побарҷо лона месозанд. Бо ҳазорон умеду ормону орзу.
Аз гоми файзбори Наврӯз сардиҳо ба дуриҳо рафтаву парчами сапедадам пеш аз тулӯъи хуршеди ҷаҳоноро аз пирӯзию сафои баҳори нав одаму оламро огаҳ месозад. Майсаҳо сабзу маҳин, оҳанги табиат бедор, ёлаҳои сабзқабою пуштаҳо лолапӯш, дарахтон гулбасар. Ин замон такопӯи барраву бузғолаҳои навзод, сайругашти кӯдакони боиқболу хушбахт ва бо лаҳни ширини кӯдакона қироат кардани шеър ба ҳусни тозабаҳори Наврӯзи Аҷам шаҳомату шукӯҳ мебахшад.

пешина
аз 17
навбатӣ