Зеҳн
Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

СУБҲИ ТАРОВАТ

Биё, эй тозарӯ, субҳи тароват,
Зи шоми ғуссаҳо бо зебу зинат.

Надорам тоқати дарди ҷудоӣ,
Даме бо ҳам будан бошад ғанимат.

Намо рух, олами ҳусни дилоро,
Бигардон синаам пур аз муҳаббат.

Талаб дорам зи даргоҳат, азизам,
Кушо баҳри гадо домони ҳиммат,

Саногӯю дуохони ту бошам,
Фурӯзон гулхане бар шоми қисмат.

Гули мақсуди ман пайваста хандад,
Наям, Муштоқ, ман нолон зи қисмат.
ТАРАҲҲУМ

Гар касе санг афканад бар сӯи мурғони Ватан,
Медарам аз ғуссаҳо пероҳани худро ба тан.

Хун ҳамегирям барои сарнавиштам дам ба дам,
Оҳу афғон мекашам бар сайди маҷрӯҳи чаман.

Мо, ки фарзанди замину бастаи як қисматем,
Аз қазо охир ба рӯзе мерасад тираш ба ман.

Ай камонвар, дасти худ аз қатли сайдат боздор,
Гар ту мардӣ, раҳм кун бар ҷони мурғони Ватан.
САРВАРИ ИШҚ

Даме рафтӣ ту бе ман сӯи саҳро,
Маро дар шаҳри ман танҳо бимондӣ.
Насим овард аз ту бӯи гулҳо,
Ба ман заҳри ҷудоиро чашондӣ.

Нигар боре, ки ғам афзун ту кардӣ,
Ғарибам кардаӣ дар кишвари ишқ.
Иҷозат деҳ, ки оям бар дари ту,
Намо раҳме бароям, сарвари ишқ.

Сафар дорӣ раҳи дуру дарозам,
Ки дорад гарди меҳри ҷовидонӣ.
Бикун лутфе, ки побанди гудозам,
Нагардам гумраҳи роҳи ҷавонӣ.

пешина
аз 17
навбатӣ