Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа
МУҲАББАТНОМА
Муҳаббат, аз азал ту бехазонӣ,
Ҷаҳон пир аст агар,ту навҷавонӣ.
Надорад зиндагӣ бе ту тароват,
Ба набзи зиндагонӣ ту равонӣ.
Муҳаббатбастагон ёри Худоянд,
Зи макру бухлу кин дуру ҷудоянд.
Ба ғайри он худои ломаконӣ
Дигар аз як гилу обу ҳавоянд.
Сари ҳар як қадам андеша дорам,
Ба хоки рафтагонам реша дорам.
Муҳаббат будааст оғозу анҷом,
Ман ин кори накӯро пеша дорам.
Муҳаббат киштаи парвардгор аст,
Саропо киштзораш пур зи бор аст.
Надорад мулки ӯ гармову сармо,
Тамоми фаслҳояш навбаҳор аст.
Муҳаббат зинда созад хуфтагонро,
Фараҳ бахшад ҳама ошуфтагонро ,
Самояш беғубор асту мусаффо,
Намояд суфтатар носуфтагонро.
Муҳаббат уқдаи дилҳо кунад боз,
Барад мурғи хаёли дил ба парвоз.
Нишинад ҳар куҷо, гулзор гардад,
Ба савташ булбулон гардад ҳамовоз.
Муҳаббат, синаҳо кошонаи туст,
Ба ҳар ҷо дил бувад, он хонаи туст.
Сувайдо қиссадони дарду ғамҳо,
Бигуфто: Доғи дил афсонаи туст.
Кунад хорат ҳар он кас, хор гардад,
Аз андӯҳи гарон бемор гардад,
Надонад гар касе қадрат, аё ишқ,
Бимонад бенавою зор гардад.
Муҳаббат, модари ғамхурдаи ишқ,
Ба ғамҳо мубтало, афсурдаи ишқ,
Хиёнатҳо дилам озурда карданд,
Туӣ, эй модари озурдаи ишқ.
Муҳаббат зодаи фасли баҳор аст,
Тароватбахши кишту сабзазор аст
Зи ашки файзбори абри найсон
Қадаҳбарсар шукуфта лолазор аст.
Муҳаббат, ту сияҳдилро сафо бахш,
Чу гулхан бар шабаш нуру зиё бахш,
Зи марзи сина бар ту рашку кинро,
Ба сарҳадбони дил аҳду вафо бахш.
Муҳаббат парчаме бар ошиқонӣ,
Чу рамзи ошиқон ту ҷовидонӣ.
Чу Муштоқ ар бисозам пайкари ту,
Ба бунёдаш саропо ҷисму ҷонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё