Зеҳн
Ҷодаи бахт

Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ. Ҷодаи бахт. (шеърҳо)

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 17 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

СЕ ДАСТА ГУЛ

Баҳор, эй ҷашни мушкбезу атрогин.
Эй фасли фараҳафзои олам, эй фасли гулу шукуфтанҳо.
Ай фасли ишқ, меҳр, муҳаббати даҳр.
Муборакии сафо, муборакии сапедадам бар шабҳои тор, муборакии гармию нармӣ бар сардиҳои сард. Муборакии гунаҳои сурх бар зардиҳои зард. Инак бар қалбҳои сарду сармохӯрдаи ҷаҳон хуршеди нурполо нурҳои зарҳаландуди хешро ба умеди эҳё чун нафаси гарми Масеҳо вуруд месозад, ба тадриҷ синаҳои яхин ба қалбҳои нарму гарми зиндагӣ мубаддал мегарданд.
Набзи заифи дун оҳиста-оҳиста аз нуру зиё эҳё гашта, тавонмандиро касб мекунад. Ба умеди дидани сафои субҳ, ба умеди дидани офтоби оламоро. Табиат бо шукӯҳу шаҳомат ба гулдӯзӣ мепардозад. Ёлаҳои гулпӯши лолабатан, амвоҷи майсаҳо чун арӯсони навбахту наврахт ба дашту даман ҳусн меафзояд.
Модарону хоҳарон ва бонувони гулрухи даҳр шояд ҳамқисмати баҳор бошанд.
Ай модар.
Эй хоҳар, эй бонуи хушхиром!
Магар ту дар ин фасл ба олами ҳастӣ дида кушодӣ?
Зеро ки ту низ ҳамсону ҳамранг ва пурнакҳат чун баҳор офарандаӣ.
Бале, бале, Офаридгор ба ту ва баҳор чунин накӯкориро ҳадя намудааст. Ҳатто иди шумо бонувони моҳлиқо дар марҳалаҳои офаринишу нумӯи олам таҷлил мегардад. Аҷаб падидаи некӯст рӯзи модарон. Дар радифи Баҳору Наврӯз.
Баҳор, огаҳӣ, ки Наврӯзи Аҷам имсол шукӯҳи оламгирро касб кард? Зеҳни волои равшанзамирони олам барои шаҳомати байналмилалӣ гирифтани Наврӯз маҳфил доир намуданд.
Ва наврӯзи Аҷам Наврӯзи олам ном гирифт!
Акнун ман бо ифтихор се иди байналмилалӣ, се даста гули тару тозаи баҳориро ба модар, ба хоҳар, ба бонувон ҳадя мекунам. Иди баҳор, иди модар, иди Наврӯзи оламафрӯз муборак, эй ҳамватанон!

пешина
аз 17