Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Бори нахуст ўро интизорӣ мекашиду бесабрӣ дошт. Аз рўяш алов мебаромад. Рўю дастонаш аз ҳарорати дарунӣ метафсиданд. Пўсти баданаш офтобзадаҳо барин шах шуда буду гармӣ мебаровард. Мепиндошт, ки агар ангушт ба об бихалонад, сарҷўйи пахтазор хушк мешавад.
Гўё ба чашмонаш айнаки сеҳрнок монда бошанд, манзараҳои ҳаррўзаи пахтазор дар пеши назараш бо ранги дигаре ҷилва мекарданд. Ва ў фикр мекард, ки ин замин аҷаб зебост. Одамонаш ҳам зебоянд. Аҷаб хушсалиқаанд, ин заминро бад- ин зебоӣ шона задаанд, хат кашидаанд, аз баромадгоҳи офтоб то фурудгоҳи офтоб. Хатҳои бешумор, ҷўякҳои бешуморе. Дар ин ҷўякҳо тобистон об шилдиррос мезанад, тирамоҳ шабнам мерезад. Хатти ҷўякҳо ҳамаро, ҳамаи онҳоеро, ки ба ин замини муқаддасу зебо таъзим мекунанд ва пеши офтоб саҷда меоранд, сўйи офтоб мебарад...
Офтоб шомгоҳон ба сари ҷўяҳо мефурояд. Ва ҳазорон мижгонҳои худро сўйи мардум дароз мекунад. Одамон ҳар кадоме офтобро сари ҷўйи худ мебинанд.
Хиёл моту мабҳут медид, ки чӣ гуна ҷўякҳои ба домани офтоб расида ба кокулони майдабофи духтарон монанд мебошанд. Ва офтоб бошад, монанди духтари дўстрўест, ки пеш аз хоб кокулони тиллоранги худро рўйи бистар дароз партофта, мафтуни зебоӣ ва ғарқи тамошои он саропо чашм гаштааст. Одамон ба кокулони офтоб часпида боло мебароянд. Ба офтоб наздиктар мешаванд.
Хиёл гўё дар олами афсона буд, худро дар банди ҷоду медид, ҳарчанд мижгон ба ҳам мезад, сароби пур аз сеҳр аз пеши чашмонаш дур намегашт. Ва ў медид, ки қатраи нуре аз банди кокулони офтоб таровида, ба сарҷўй наздик мешавад.
Сабо бо сад андешаву хиёл ба тарафи ў меомад. Аз ҳаяҷон лабони Хиёл хушкиданд. Ў безобитаву беқарор буд.
Ҳар ду якдигарро диданд. Ба рўяшон сурхӣ давид. Чашмонашонро ба зўре ба ҳам дўхтанд... Ва шармгинона нигоҳашонро аз ҳам гурезонданд. Дуздида ба ҳам менигаристанд. Танҳо гунаҳои лоларангу мижгонҳои хамхўрдаро медиданд. Ва боз Хиёл пичаҳои сиёҳи буридаву парешони ўро медид, ки ба як тарафи пешонааш овезон буданд, меларзиданд ва гумон кард, ки ларзидани баданаш аз ҳамин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё