Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ва Хиёл мехост, фақат дуо намекарду халос, ки тележка хомўш нашавад, роҳ поён наёбад, саҳро паҳнотар шавад, моҳ дар осмон монад, ин шаб ба рўз нарасад, то дасти Сабо дар дасти ў, ана, ҳамин тавр ҳамешагӣ, бимонад. Инро бисёр мехост, ҳамин гуна орзу дошт, вале намедонист, ки аз чист...
Роҳи саҳро то хирман буд, баъд аз пеш хонаҳои мардум мебаромаданду кўчаи калони миёни деҳа оғоз меёфт. Шояд одамон низ дар сари кўча истода бошанд ё дар хирман чой менўшанд. Хиёл ҳамин ҷо фурояд беҳтар...
- Хиёл, мефуроӣ?
- А?
- Мефуроӣ, расидем.
- Ҳа- а.
- Фуромадан намехоҳӣ?
- Не!
- Ҳозир фуро, баъд...
- Баъд...
- Пагоҳ дар як ҷо пахта мечинем.
- Ҳаррўза барин?
- Не, ҳарду танҳо мечинем.
Дигар фурсати гуфтугузор намонд. Тележка ба дарвозаи хирман расида буд. Хиёл, нисфи гапҳо дар дил, хазида ба лаби телечка омад. Ситораҳо чашмони тари Саборо мемонданд. Осмон ҳамсони пахтазори шабнамзада медурахшид.
Имрўз эътиқоди мардум таконе хўрд. Вале ин як бозии бехавфи оташи ҳиссиёти наврасе буд. Лаҳзае давом дошт.
Баъд хомўш шуд. Балки дарун зад... Зеро замири ў равшану шаффоф мегашт.
Ин ҳамин гуна ҳиссиёте буд, ки умри одамро дошт ва бекарону бузург буд. Кўдак, ҳарчанд кўшиш кард, дар дилаш онро гунҷонда натавонист. Дилаш лабрез шуду он ҳиссиёт берун зад. Андаке ўро пеши мардум бозӣ доронд.
... Ҳоло ў дар канори сарҷўйи пахтазор, дар миёни ниҳолони баланд менишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё