Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҒУРУБИ ОФТОБ

Онҳо ду кас буданд. Яке дароз буду дигаре кўтоҳтар.
Онҳо дар хок андар буданд, қабурғаҳояшон аз хок метобид. Дар сағонаи калони гаҷловида ўро ҳаяҷоне фаро гирифт. Ин тарс набуд, шодӣ ҳам! Ин ларзиш дар фазои сағона аз омезиши ҳавои имрўз бо ҳавои ҳазорон сол бо мурдаи ҳамроҳи мурдаҳои дигар хобида ба вуҷуд омада буд. Аз ҳавое, ки бо мурдаҳо ҳазор сол дар маҳбас буд. Ў бори аввал ҳис кард, ки замин пир аст. Одамони ў ҳам. Ў бори аввал мафҳуми инсоният, таъриху умри ояндаро сарфаҳм рафт. Дар ин сағонаи қадимаи хиштин рўй ба рўй ду скелети паҳлуи ҳам хобида.
«Барои чӣ онҳо ҳамроҳ гўронида шудаанд? Тоҷиканд ё аҷнабӣ инҳо, то омадани арабҳо дафн шудаанд, ғайримусулмонанд? Чаро охир онҳо яқҷоянд, зану шавҳаранд? Ҳа.
Пас баробар мурдаанд. Магар ин тасодуф нест? Шояд. Ё ҳамон ривояте, ки мард пештар мурад, занро бо ў, агар зан мурад, мардро бо ў зинда мегўронданд, ҳақиқат аст.
Ҳақиқат ҳам бошад- чӣ?! Агар яке аз онҳо зинда мебуд, ягон нишонае аз талвосаи ҷонкании ў мемонд. Ҳеҷ гоҳ ў ин тавр дар паҳлуи ҳамроҳаш батартиб дароз намекашид.
Фақат мурдаҳоро паҳлуи ҳам, ин тавр дароз гузошта мехобонанд. Пас ҳардуро мурда ин ҷо гузоштаанд. Ҳа. Ба ҳақиқат наздик аст. Не, худи ҳақиқати ҳол ҳамин аст. Чаро онҳо якҷоянд? Наход баробар мурда бошанд? Бо кадом сабаб? Аз чӣ мурда бошанд? Чаро занро якҷоя бо мард гўронидаанд? Чӣ рамз бошад ин? Шояд ду дилдода бошанд, ки мақтул гаштаанд. Ҳаргиз! Агар ҳамчунин мешуд, онҳоро бад- ин обрў дар сағонаи хиштину гаҷин дафн намекарданд.
Инҳо зану шавҳаранд, ки ба ҳам бас меҳрубон будаанд ва дар рўзгори хуррамашон ба ҳодисае дучор шудаанд.
Мағзе аз ин андешаҳо меҷўшид. Ҳаминро ҳал кардан даркор. То ҳол онҳо ин гуна ҳодисаро нашунида буданд.
Акнун ба чашми худ диданд. Ҳамин даври зиндагии сокинони ин заминеро, ки дар болояш истодаанд, аниқ кардан даркор. Баъдан осон, 1200 сол ҳеҷ гуна тағйироте нест.

пешина
аз 186
навбатӣ