Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Марду зан натанҳо дар қабр, балки дар зиндагӣ низ паҳлуи ҳам намеистанд. 1200 соли таърихи заношўӣ маълум. Амри падар воҷиб! Ҳар касеро хоҳад, духтарашро ба ҳамон медиҳад. 1200 сол, ҳамин 1200 сол. 1200…
Не, шояд Хиёл бисёр тарафҳои рўзгори гузаштаро надонад.
То ки умри ин дахмаро аниқ кунанд, Абдуллозодаву Хиёл чи қадар китобҳои таърихиеро, ки дар дасти зиёиёни деҳа буд, гирд оварданду варақ заданд. Ҳеҷ гуна далеле наёфтанд, ки иддаои ҳардуи онҳоро пеши мардум эътимоднок гардонад, тақвият бидиҳад. «Ин гузаштаҳои мардуми мост, пештар ана ҳамин тавр зану мардро гўрашон як буд,- мегуфтанд онҳо.- Ин ойини гузаштагони мост.» Касе, албатта, ба онҳо эътироз намекард, вале онҳо хуб медонистанд, ки мардуми зоҳиран хомўшу ботавозўъ дар назди дахма истода, рост будани фикри Абдуллозодаро намехоҳанд. Фақат ҷавонон- шогирдони Абдуллозода бисёр мехостанд асли воқеа ҳамон тавре бошад, ки ў мегўяд. Хиёл ҳам чунин фикр дошт ва ҳайрон буд, ки одамон ин лаҳзаи, шояд барои онҳо бори нахуст бошад, нотакрорро бо хунсардӣ, хомўшу хунук мегузаронанд. Охир ин лаҳзаҳо пайванди вақт, асрҳо, солҳои гуногуни таърихи инсонианд.
Пеши назари онҳо гузаштаи дуру номаълуму сеҳрангези бо рўзгори онҳо пайванд ҷилвагар аст. Онҳо бо навбат ба ин сағонаи куҳан даромаданд, вориди асрҳои дур шуданд, лаҳзае аз ҳавои гузаштаи мағорбаста нафас гирифтанд. Хостанд нотакрорию бузургии ин лаҳзаҳоро идрок кунанд Чӣ шуд, ки ин гап баромад? Кӣ гуфт? Хиёл ҳеҷ ба хотир оварда наметавонист. Дарси таърих буд. Занг заданд.
Муаллим ҳанўз дарс мегуфт. Дертар аз синф баромаданд.
Гапи нав акнун даҳони онҳоро во мекард, ки муаллими таърих ба наздашон омада, «Шунидед, қабре ёфтаанд, дарунаш ду одам хоб будааст. Рафтем,»- гуфт. Ҳама китобҳоро гирифтанду аз мактаб баромаданд: ҳам духтарону ҳам писарон. Дарси таълими меҳнат буд. Гурехтанд.
Аҷоиб! Сағонаи хиштини гунбадшакл андаруни замин ниҳон буд. Болояш ҳамвор, ду- се ваҷаб хок гунбади сағонаро мепўшонд. Бели трактор ба сағона расида, онро саҳл шикофта буд.

пешина
аз 186
навбатӣ