Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданЧанд хишт ба дарун афтида, дар пеши пойи устухонҳойи чангхўрда болойи ҳам, бетартиб мехобиданд. Онҳо ду кас буданд. Дароз мехобиданд, дасти рост тарафи офтобшин. Яке дароз буду дигаре саҳл кўтоҳ. Ба зиёрати ин дафинайи қадимию ношинос нисфи мардуми Аспирингон омада буданд. Пичир-пичир гап мезаданд, гўё дар мурдахона нишаста бошанд.
- Хайр, дидед? Шуд! Равед! Ин ҷо тамошо карда бишинед, пахтаро кӣ мечинад?- мегуфт Шонабот.
Дафина дар назди шипанги ў ниҳон буд. Ў мегуфту медонист, ки мардум камтар аз як соат дар назди ин сағона намеистанд. Худаш ҳам чандон саросемагӣ зоҳир намекард, дарунтари одамон медаромад ва ба сағона наздиктар мешуд.
Хиёл аз рахна гузашта, ба даруни сағона даромад, муаллими таърих Абдуллозода ҳам тоқат накард: чанд хишти дигарро аз рахна гирифта, онро фарохтар кард ва пас ў ҳам вориди сағона гардид.
Косахонаи сар, қабурғаҳо ба замин сахт часпида буданд. Хиёл бо ангуштонаш онҳоро аз замин меканд. - Яке зану яке мард аст,- гуфт Абдуллозода.– Зану шавҳаранд ё не, инаш дар гумон.
Чанбари косаи скелете, ки кўтоҳтар буд, нисбат ба дигараш хеле калон буд. Онхо паҳлуйи ҳам мехобиданд. Яке кўтоҳ буд, дигаре дарозтар, зану шавҳар буданд ё ду дилдодаи ноком- номаълум. Дониши муаллим барои аниқ гардонидани ин масъалаҳо нокифоя буд. Фақат ҳамин равшан буд, ки яке зан асту дигаре мард ва ҳар ду паҳлуйи ҳам хобидаанд. Қабрашон аз хишт аст, бо гаҷ ловида, дарунаш- фарох.
Киянд инҳо? Чанд ҳазор сол умр доранд? Аҷдодони онҳоянд магар мардуме, ки болои дафина истодаанд?
Хостанд ба марказ хабар диҳанд, археологҳоро даъват кунанд. Шояд саҳифаи наве аз таърихи инсоният ба мардум боз гардад. Ба як қарор наомада буданд, ки чанд мардаки чаққон ба рахнайи сағона чим заданд, ба рўяш хок кашиданд ва гирди сағонаро хандақ кофтанд. Чанд рўз пас дар гирди сағона тавора пайдо шуд. Қаровули шипанг- Қарача ходайи дарозеро ба сари сағона хасту дар нўги он чойники нўлшикастайи бедастаеро андармон намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё