Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Даруни ин 49 сари хурду калон, лучу пўшида, мўйдор ва кал, ки миёни паллаҳо гоҳ нопадиду гоҳ пайдо мешаванд, ҳазор фикру ҳазору як ташвиш аст. Миёни ин ҳама ташвишҳои дунё боз ташвиши дигаре пайдо шуд. Ду нафар, бархилофи ойини мардумӣ, ин бегоҳ, пеш аз ғуруби офтоб, мехостанд лаҳзае танҳо бошанд. Номҳои ғалатие, акси фарёдҳо, нидоҳои шодиомези мардуми пахтачин рўйи заминро мегиранд. Чӣ қадар номҳову лақабҳои аҷоибу ғароиб бисёранд. Бар сари ҳар кадоме ҳавуҷ- ҳавуҷ лақабу номҳои хандаовар мерезанд. Вале имрўз Нуралӣ лаб ба табассум намекушод. На овози Бозор хурсандаш мекард, на анҷоми кор. Ҳатто ҷониби офтоб нимнигоҳе накард. Пештар аз шаб дили ў тип- торик шуд: на офтобро медид ва на акси бозингари онро дар рўи одамон. Гоҳе ки ба офтоб нигарист, доғеро дид ва ба таги дилаш хурсандӣ дамид: Офтоб хам доғ дорад!
Ман дар болои тележка мерафтам, ҳамаро медидам, қариб ҳамаро. Ўро ҳам медидам, ки безобитаву парешон буд ва ҳар замон номаълум ба сўе чашм медавонд. Вале он чиро ки диданӣ буд, намедид. Ман ҳам дар баландӣ будам, метавонистам бинамаш. Бисёр мехостам ба кадом тараф нигоҳ кардани ўро фаҳмонам, ки бинад, вале худро доштам. Бадӣ хуб нест. Гап кайҳо ба даҳани мардум афтода буд. Аз саҳар мардум баробари масъалаҳои рўзгору зиндагии худ гапи онҳоро низ ба миёни суҳбати ду- секаса мепартофтанд

Мардуми деҳаи Аспирингон ба мурдаҳо бештар эҳтиром доранд ё ҳамин ҳақиқати Хиёл аст ё баръакси ин дар ҳар ду сурат фикри Хиёл ҳамин асту дигар намешавад. Махсусан, баъде ки сағонаи куҳнаро дучор омаданду устухони бисёри одамӣ андаруни он диданд, ў ба ин фикр маҳкамтар часпид ва эътимод ҳосил кард, ки ҳеҷ ҳодисае мардуми деҳаи Аспирингонро дар ҳайрат намемонад: онҳо гап меёбанд, паст намеоянд. Ҳаргиз!

пешина
аз 186
навбатӣ