Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Об шуд ва об шуд, парҳош рехт.
Не, не, тифл намегўям!
Кўдак намегўям!
Зинҳор!
«Тифлакони шод» намегўям, нахоҳам гуфт. Метарсам.
Метарсам аз он чизе ки хоҳад шуд.
Хостам шеъре бигўям, шеъри деҳа бигўям, Лабонам мурданд. Забонам оҳан шуд.
Ва хиёлҳои дарозриши сияҳсалла гирд омаданд ба ҷанозайи лабҳоям.
Ва зоғнўли забонам (дар намаксанги тақдир) бо таассуф дахма меканад.
Афсўс!
Хуб, бибинем, чӣ мешавад?
Ва дар тааҷҷуб мемонам, ки чанор аз куҷо сабзид, чаро андешаҳои ман дар шохаҳои он мепечанд? Ин чанори бузург ба мисли дастаи дар пиллазада аст, ки дар пойи нигоҳам қарор гирифтааст. Ин чанори бузурги деҳа аст, ки мемирад. Андешаҳои ман дар шохаҳои он пилла метананд.
Хатти ҷўякҳо дар ин замин ҷониби офтоб мебарояд.
Ҳар кадоме аз ин мардум офтобро дар сари ҷўяки худ медид ва буттаҳои ба ҳам печидаро аз ҳам дур карда, ба суйи он мешитобиданд. Барои онҳо пахта кам ва марра чун нишемангоҳи пахта дур буд. Абрҳо ҳар рўз дар болои сари инҳо ҷамъ меомаданд. Инак, абре тумшуқи тарашро ба нўги теппаи баланд монд. Аз таги абрўвони овезон ба пушти хамидаи пахтачинон теғ мекашид. Ғуломи Ситора, ки харашро гум карда буд, ғур- ғур дошт. Ў кор гум кардааст. Аз ҳамон рўз боз алафро бар дўш бардошта, хона меравад. Сафияро моҳаш наздик, коғази духтур овардааст, имрўз бори охирон пахта мечинад, танҳо намебарояд. Минбаъд ҳар рўз 30 кило кам– Ниёзи Сафар боз гап мешунавад Бозори табелчӣ қалами бехи гўшашро афтонда буд ва ду соат боз ду каси дигарро аз пахтачинӣ мононда, секаса, дар миёни ҷўякҳо чорпо мегаштанд: охир, то баркашидани пахтаи мардум ним соат мондааст, бо чӣ менависад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё