Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Се килову сад грамм кўдак.
Кўдаки ёздаҳмоҳа.
Ва боз ними моҳи дигар.
Тифлаки бесол.
Кўдаки бебол.
Дар интиҳойи кўдакони бехи деворҳо, Ки ранҷи зистанро бар шонаҳойи устухони хеш бардоштаанд.
Даҳанвоҷа мекунанд.
Ва бо дашном нони хушкида мехоянд.
Тифлакони пири бари дарвоза Ва пирамардеро механданд.
Он марди тирарўзро, ки чашмони обрави камнураш оламро дар ғам тар мебинанд.
Ва ин пирии бемаргро нафрин дорад.
Дарвоза вост.
Дарвозайи пири хушкида
Аз лобалойи устухонҳояш, аз парраҳойи устухони болҳояш Офтоб мерезад
Бар сари кўдакони даргурез аз хуршед, ки Дар синайи замин нишастаанду бо дандонҳойи нонолудашон дашном мехоянд.
Дарвозайи бози даҳанво
Бо синаҳойи шикаставу устухонӣ шамоли маргро аз хона меронад.

Хостам гуле биншонам дар замини шеъре, ки аз деҳа хоҳам гуфт.
Шеъри деҳа мегўям.
Шеъри деҳа мегўям.
Хостам гуле биншонам дар замини ин шеър.
Гул пажмариду мурд.
Булбулеро садо задам. Омад.
Аз дурҳо омад.
Аз доруҳойи сафеду бунафши рўйи хирманҳо, Афтиду нўлаш дар чоши селитра омад.

пешина
аз 186
навбатӣ