Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
баланди автобуси куҳнаву шалақи «Интурист»
сўйи ҳамдигар ҳамла карданд.
Вён Шаранг даҳонашро калон кушуд ва бори нахуст баланд фарёд зад: аз забонаш дашном танин андохт:
- Ҳе, о-о-оч-а- та…
Оре, бори нахуст дашном дод!
Автобус медавид.
Вён Шаранг гарму самимӣ ҷанг мекард. Одамвор дашном медод.
Дашном медод ва шодмонӣ мекард. Одам шуда буд!
Одам шуда буд. Як одами хокӣ, миранда, дашномгар, на фаришта, на паранда, на абармард, на қаҳрамон. Як одам буд кунун ў.
Як одам буд; мисли ҳама одамон, ки дар дохили автобус буданд. Хонаву дар дошт, зану фарзанд дошт ва номуси онҳо номуси ў буд.
Ва автобус дар шаб медавид.
Ва ў акнун як одаме шуда буд хокӣ…
Соли 1995
ХИЁЛ
Қисса
СУРОЙИШ
Хостам гуле биншонам дар замини шеъре, ки аз деҳа хоҳам гуфт.
Шеъри деҳа мегўям!
Шеъри деҳа мегўям!
Хостам гуле биншонам дар замини шеър.
Гул пажмариду мурд.
Булбуле садо задам. Омад. Аз дуриҳо омад.
Дар доруҳои сапеду бунафши рўйи хирманҳо Афтиду нўлаш дар чоши селитра рафт, дармонд.
Об шуд ва об шуду парҳош рехт.
Не, не, тифл намегўям, кўдак намегўям! Зинҳор!
«Тифлакони шод» намегўяму нахоҳам гуфт. Метарсам.
Метарсам аз он чӣ, ки хоҳад шуд.
Хостам шеъре бигўям, шеъри деҳа бигўям, лабонам мурданд.
Забонам мурд, лабонам мурданд. Забонам оҳан шуд.
Ва хиёлҳои дарозриши сияҳсалла гирд омаданд ба ҷанозайи лабҳоям.Ва зоғнўли забонам (дар намаксанги тақдир) бо таассуф дахма меканад.
Афсўс!
Нахуст дарвозаи во.
Ҳарду паррайи дарвоза чу болҳойи калхоти бемор шикаста ва хам, мушобеҳи устухони болҳойи паррехтайи парандайи бемори қадимӣ.
Дарвозайи қадимии куҳнайи рангбохтаи сафед аз офтоби тамуз чу мурғи бузурги оҷиз аз парвоз чўҷаеро, ки дишаб мурда буд, аз оғўши худ раҳо мекунад.
Се килову сад грамм.
Гўшту устухону пўст.
Месупоранд ба хок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё