Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Модар писарашро дар либоси тозаву озода, бо тоқии нави бахмалии сияҳ берун овард. Аз дасташ гирифта буд модар, ба сўйи дар мебурдаш ва мегуфт:
- Поҳота дур мон, ки тазйиқ накуниш.
Ва писарак ҳам акнун мекард пойҳояшро дур аз ҳам, кушод қадам мемонд.
Ҳар ду дар саҳни ҳавлӣ шуданд. Пас, пеши мурдайи кафанпеч, ки дар тобут мехобид, омаданд. Зан дуртар, дар рўйи санг, нишаст. Писарак андаке таҳаммул кард, симойи муносиб гирифт, вазъи муносиб ҷустуҷў намуд.
Саранҷом ором гирифт ва хеле ногаҳонӣ шурўъ намуд ба гузаронидани ҷанозайи падараш:
Аллоҳу акбар!
Аллоҳу акбар!
Аллоҳу акбар!
Дастонаш пушти гўшаш қарор доштанд. Чашмонашро пойин андохта, ба тақлиди калонсолҳо сар пеш афганда буд. Намози ҷаноза хатм шуд. Занон даст ба рўй кашиданд ва аз ҷо бархоста омаданду тобутро бардошта, ба роҳи гўристон рафтанд.
Писарак ҳанўз ҳам рост истода буд. Ба роҳи рафтайи падар нигоҳ мекард, симояш ғамбор буд ва аз чашмонаш ашк мешорид...
Дар автобус бо шоири кали таги «шаст», ки хеле маст буд, бигў- магўшон шуд.
Шоири пир ўро зану хоҳар гуфта дашном кард.
Ва гўё бори нахуст, шояд ҳам ҳамин гуна буд, чунин ҳақоратро мешунид. Аламаш кард, аз худ рафт. Шояд ҳам аввалҳо чунин ҳақоратро шунида бошад, вале таъсираш накарда буд?!
Бархост! Ва даст ёзонд, то аз гиребони шоири кали таги «шаст! бигирад!
Дигарон мехостанд раҳояшон кунанд. Садои хониши Одинаи Ҳошим ва Давлатманд, ки чигасҳо зери бағалаш нишаста буд ва суруде печидафарёд мекашид, ба ҷанги онҳо печид.
Ҳар ду- Вён Шаранг ва шоири кали пир миёни нишастгоҳҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё