Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бибӣ хар ду дасташро, чуноне ки баройи салом дароз мекунанд, баробар ба сўйи он кунҷ, ки муқобили ҷойи нишасти усто буд, дароз карда гуфт:

  • Ана, ҳамин сўй.
    Сари бистарро гардонданд сўйи қибла. Кўдакро хобониданд. Дуойи кўтоҳе хонданду омин карданд.
    Нонеро, ки модару духтар, пушти дар, сари коройӣ будани он бигў- магў карда буданд, дар пеши чашмаш гузоштанду бибӣ дар болои сари кўдак нишаст ва рўйи ўро дар паноҳи худ гирифт. Кампираке зонувони бараҳнайи кўдакро нигаҳ медошт.
    Сўхтайи пахта доғи лола ворӣ дар косайи базеби чинӣ сияҳӣ мезад.
    Кўдак дар рўйи бистар нигарон буд, дилакаш дар остони ҳодисае метапид. Аз нигоҳи кўдаки сесолайи хоб ин воқеа чӣ ҳаҷме дошта бошад? Рўйи пиразанон чӣ? Ў ҳамайи инро чӣ гуна мебинад? Ин нони маҳтобии гирдаву гулзадаву гирдак пеши рўйи кўдакро гирифтааст. Чаро?
    Чаро нон? Дар мо нон буд?
    Сағираро ҷазабайи ин фазойи нимторики роздор, ки пиразанон ғарқ дар он буданд, сахт ба худ мекашид.
    Усто устураву най ва гўгирдро дар пеши зонуйи росташ ниҳод, чашми сағираро барқи тунду кушандайи теғ бурид.
    Абр рўйи сина омад. Рўшанӣ коҳид ва дар пўсти кўдак нишаст. Пиразанони бузург дар торикӣ ғўтиданд, танҳо дасту зонувону рўяшон аз торикӣ берун монд. Барқи теғи устура заиф шуд.
    Пўсти кўдаки таракро торикӣ нахўрд, чучулаш дар комаш нарафт; дармонд.
    Усто ба чуки кўдак даст бурд, пўсташро бо хеле душворӣ пойин кард. Сари чук мисли бачайи замбурўғ намуд: сафеду офтобнадида аз пўсти танг бадар омад ва шукуфид, дамид. Пиразан бо докайи сафеди оҳарӣ шабнами сари чучулро чид ва пок намуд. Пўстро дубора ба сари чучул кашид. Ба нўгаш донаи гўгирдчўб андохт ва мисли пилтайи тоқӣ молидаш. Пас найро ҷағонд, пўсти чукро бо гўгирдчўби дарунаш дар чоки ҷағида сар дод.
    Чоки най ба ҳам омад ва пўстро газид.
пешина
аз 186
навбатӣ