Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз чуки кўдак об чакид.
Усто ба бибӣ гуфт:

  • Доредаш, ки бимезад!
    Бибӣ аз модари кўдак пурсид:
  • Дошта будиш?
    Модар гуфт:
  • Не Усто ба бибӣ гуфт:
  • Мезак дорад.
    Модари кўдак пинҷаки коргарии хокиранги хоколудашро, ки ҳини андоваи девори сангини оғил дар тан дошт, накашида, кўдакро бурд пешгоҳи печка, ки намад ба рўяш нарасида буд ва бозистод. Бибиш ҳам омад. Аз дасташ гирифту водошташ, ки бимезад.
  • Бипарон, бачам, ҳамин ҷо бипарон!
    Кўдак дар рўйи фарш мезид. Хоки пешгоҳи печ мезакро ҷабид.
    Рўйи кўрпачаи тар лифофа кашиданд. Усто ба бибӣ гуфт:
  • Намешавад, барқ нест! Ин ҷо торик аст. Чашмам намебинад...
    Медиданд, ки ҳавсалайи усто сар меравад. Роҳи дигаре ҷуз зориву тавалло наёфтанд.
    Бибии кўдак гуфт:
  • Момайи Ҷавҳар, дар пешонит садқа, як фикр кунӣ, мешавад.
  • Чашмам намегузарад, садқат.
  • Офтобро аз тиреза бозтоб мекунам, хона рўшан мешавад.
  • Метарсам, ки...
  • Беғам бош, кампир, хубу гандааш ба гардани ман.
    Гулбибӣ ҳанўз то сияҳмастӣ нарасида буд. Ба боми болои дарвоза баромад. Рўшнойи офтобро бо ойинайи докапеч аз тиреза ба даруни хона, мобайни намад, партоб кард. Бистари кўдак рўшан шуд.
    Кўдакро тай- тай по- по оварданд пеши бистар. Ҳанўз нахобонда, усто аз бибӣ пурсид:
  • Кампир, қиблайи хонаат кадом сўй аст?
пешина
аз 186
навбатӣ