Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Агар бимирам, ҳич кас ёдам намекунад.» Ин фикр сахт ба зеҳнаш часпида буд ва ранҷаш медоду меозурдаш. Пуки шароб, ки дар сумкайи сардаш гирифта буд, аз шиша паридаву шароб ба дасту пояш мерехт. Чизе сафедпорайи нон, ки дар болояш хўрдание дошт, сафедранг (салат буд ё он оши сафеди масеҳӣ, ки рўзи ҷанозайи модари Жора хўрда буданд), пешопеш парвоз мекард. Ва ин хўриши сафеди мотамӣ дар муҳити тира он қадар ғамангез буд, ки ҳасрати чандсолайи бекасиаш ногаҳон бо талотуму фарёд аз аъмоқи вуҷудаш боло омад ва гулўяш гирифта шуд ва ҳич натавонист, то бигўяд: «Ҳар шом, вақти намоз, маро ёд кунед!»
То ба гарданайи деҳкадайи сангин расид; дигар аз по зада буд. Он ҷо овозе зайиф ба гўшаш расид. Истод ва гўш фаро дод. Сўйи овозро ёфт ва нигоҳ кард. Пиразанеро дид.
Пиразан такя ба девори ғамбори руъёву андўҳҳо ва устураҳойи шўразадайи бесутун ба дарозии умри худ овоз мекашиду мегуфт:

  • Акнун мардуме намонда, ки мурдаро аз саҳро биёранд! Коҳин мурда буд, пайғомбар мурда буд. Шоир мурда, навкару гадо, зўру нотавон, девонаву ҳушёр ҳама мурданд...
    Пиразан бо чашмони баста овоз мекашид. Гўё хоб буд, як ҷисми мўмиёӣ буд аз асрҳои дур, то дар бехи ин девори куҳнайи сангин мардумони ин зодбумро бинолад. Овозаш хеле борик буд, бориктар аз чинҳойи рўйи пурожанги маҳтобияш. Пинакӣ мезад ё ғанаб карда буд Овозаш аз аъмоқи руъёҳои қадимӣ мерўйид. Хобаш хеле ғарибона буд.
    Вён Шаранг хушкак зада буд; наметавонист гоме азим ба он дунё бимонад. Аҷиб, ба ин дунёи устурайӣ, ки бо чи сеҳре пешорўяш таҷассум ёфта буд, нигоҳаш ва зеҳнаш ворид мегашт. Ҳушаш баҷо буд, вале бовар намекард, ки ақл набохтааст. Диққат мекард, ки чизе ғайритабиӣ бибинад.
    Фикрашрову неруи равон ва руҳашро дар ин порайи деҳ, ки мисли нимойи наққошӣ фарохии як дурбини дараҷайи панҷоҳро дошт, мутамарказ намуд: ҳама ростӣ буданд, бешарҳу тавзеҳ онҳоро бояд пазируфт.
пешина
аз 186
навбатӣ