Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Пиразан ҳамин як пиразан аст, беш аз пиразан нест; на рамз асту на кадом чизе дигари зеҳни деҳкада. Ҳамон аст, ки ду сол қабл давру барашро наварда буд. Ин ки ҳама ҳодисаву диданҳо афсонаву руъёӣ менамуданд, аз бехобӣ асту ҳаяҷони шадид, ки бар асари дидани мурдайи пушти зан барангехта шуда буд.
Чандин эҳсос ба ҳам омехтанд. Ин ҳисомезиҳо ба сўе кашидандаш, ки аз фаҳми ў берун буд. Дар сиёҳии камранги рўшанӣ ва рўзи беофтоб бо сояҳойи гарони сурмайӣ, ки ангезаи ҳусни намиранда аст, чизе медурахшад ва овозе рўшан мешавад. Бале, ёфт! Чашме рўшан шуд ва овозе дурахшид, мисли нахи намноки анкабут дар ғурубҳои олудаи боронӣ. Мисли насим шояд калом печиш гирифт. Вазиши насими суханҳойи пиразан бо ройиҳаҳойи андўҳ ва гарди сурмайии деворҳойи афсурдайи сангин дар дуди талхи дудкаши баланди гилин омехта, фазойи хобгунайи ин деҳкадайи ғариби беодамро офарид.
«То оне, ки даҳанат пури хок нашуда, марҳумро аз парда хабар мекунам,»- гуфт ба худ. Ва пасон, вақте чанд муддат гузашту ў андак ба вазъи кунунии худ хў гирифт ва хислатҳойи ҳайдавиш дар кўчаҳойи ин деҳи бекас ялагардӣ мекард, ногаҳон ин нидойи зайифонайи худро шунид ва хеле шарм кард. Ҳамин замон, ки ҳаваси доштани чунин зане ғофил гирифташ ва пасонтар ишқи сағира ба он зане, ки мурдайи шўяшро ба пушт гирифта буду дар кўтал меомад, дуртар аз воқеият ва мармуз буд, дар андешаҳойи тўлонияш ягон- ягон асар мекард. Ва ҳич кўшиш накард, ки фикри ўро дар дил бимиронад. Баъд хулоса кард, ки тамоми умр ҳамин гуна шарики ҳаёт меҷўст.
Ва ниҳоят ба пушти бом расид, ки риштайи нозуки фарёд дар даҳани ниничайи гаҳворагӣ интиҳо меёфт.
Ва он кўдаки зардмўйи жемперарғувонӣ дар бехи гаҳворайи худ, дар лаби бом, менишаст ва гиряи хастаҳолона мекард. Охири гиряаш буд: аз ҳайбати марди ношинос тарсид ва зунук гирифт.
Ва хуб шуд; кўдак худаш гиряро бас кард, вагарна ў ин ҷо ҳам қарор намекард ва намедонист, то куҷоҳо мегурехт. Ў ҳич бор кўдакеро рўйи даст нагирифтаву меҳрубонӣ ҳам накарда буду ором ҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё