Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳайрон буд, тасаввурашро намекард, ки донаҳойи марҷони зирк дурахшиши кабуд бидиҳанд. Як донайи кабуди зиркро канд. Ба нармийи ангушташ, дар бехи нохунаш, хор халид. «Уф!»- гуфт. Ангушти хорзадаро ба лабаш бурд, пок кард ва пеши чашмаш овард. Як заррайи сурх чу нўги сўзан маълум мешуд. Сўзиши нарме дошт. Ҳич гапе нест, мегузарад. Пушти буттаҳойи зирк фазойи дудии куҳ нафас мезад. Аз куҷойе, аз як ҷойи дур баоси барра меомад, куҳ барф дошт.
Зовияйи чашмашро намедонист чанд аст, вале гоҳе бо дурбинҳойи фарохно, ки бо худ оварда буд, фарохондашро қиёс мекард. Гоҳе, бе он ки мардумакҳойи чашм баргардонида шаванд, ў ба гунайи хеле норўшан дар он гўшайи нигоҳ, ки маъмулан дудолуданду аз ҳадафи чашм хеле барканор, ягон ошноеро ё ҳодисаеро мебинад ва дуруст аз хастагияш огоҳ мешавад. Дар ҳошияи норўшани нигоҳаш суроби дудии фоҷиа падид гашт. Баргашт ва ҳодисаро дид. Зане бар пушти хамидайи хеш мурдайи чандрўзайи шўяшро меовард. Мурда гарон буд. Роҳ кўтал буду сангварайи регпўш ва ў дар пойин буд ва боло меомад. Он зан шўяшро дар тике хокистарии гардгирифта кафан карда буд ва ба гаронии як чигинаи пурбор боло мехазид. Ҳарду сари кафан, ки қабзабандӣ буданду аз бех ғунчавор печида ва дар интиҳо шугуфида, гоҳе аз пушти девораҳойи афсурдаву гоҳе аз бехи нигасҳойи хонаҳойи ин кўчайи шаб метобиданд. Боми хонаҳо пушти хам ғам бардошта буд ва гилашон хокистар менамуд. Овозе аз тирезаҳойи холӣ бо гаронии ғубори ангишт боло шуд:

  • Кўдаконро аз бомҳо бигиред!
  • Духтаронро аз хона бизанед!
    Фазо ларзид. Ҳаво лаппиш кард. Замин такон хўрд.
    Ҳамҳамаву паропар шуд. Муҳит мисли хоби бад тираву ғамнок гашт. Қабл аз он ки худро ба сўе зад, фикр накард:
    «Чаро?» Вале чизе мисли тарс, тарси руъёӣ, ба гурехтан водораш намуд. Ў дар кўчаҳойи танги бекас гирякунон мегурехт. Ҳини давидан андўҳаш мефизуд, варам мекард ва монеаи давиданаш мегашт, нафастангу дилсўхта медавиду алам мекард.
пешина
аз 186
навбатӣ