Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Роҳи рафтан надорад, ҳама роҳҳоро силоҳдорон таҳти назорат гирифтаанд! Вале ў бояд аз ин банд раҳо ёбад. Бояд биравад! Ин ҷо мурдану дар кўча бў гирифтан намехоҳад. Омодагӣ мегирад ва худро ба дарё меандозад, то ки аз ин шаҳри дар инҳисор афтода берун биравад. Ва дар куҳистон аз об берун меояд ё мекашандаш ба берун!
Аз воқеаҳо мегурезаду меравад ба он деҳае, ки замоне як дўсташ, режиссёри кадом як филм, ўро бо худ бурда буд. Меравад, то ки панаҳ бибарад аз шарру шўри зиндагӣ. Ўро дар он деҳа мешиносанд. Дар манзили зане кўдакдор пинҳон мешавад. Мебинем, ки бемор аст ва он зани кўдакдор ўро парасторӣ мекунад.
Ҳамаи мардони деҳа мемиранд. Охирин мардро ҳамсараш аз саҳро пуштора карда, ба манзили иқоматшон меорад, то ки бигўронандаш. Мардинае нест, ки ҷаноза бихонад. Кўдакеро мехоҳанд хатна кунанд. Аввал Вён Шарангро хатна кардан мехоҳанд, вале чӣ суд аз хатна кардани ў: на намоз мехонаду на сураеро аз ёд медонад.
Он кўдакро хатна мекунанд ва ў, бо ҷисме хунолуд, пеш медарояд ва намози ҷаноза мегузорад. Занон ба дунболаш.
Воқеаҳо ончунон сурат мегиранд, ки ў ногузир дар рўзгордории он зани кўдакдор шарик мегардад ва батадриҷ ба зиндагии одии як хонаводаи куҳистонӣ ворид мешавад. Оҳиста- оҳиста, аз нав, ба ҳаёт бармегардад.
Акнун мисли дигар мардҳо маҷбур аст, ки боми мечакидаро гил бимолад, осиёб биравад (аввал осиёбро дуруст кардану баъд орд кашидан лозим аст), хулоса, аз пайи зиндагӣ бишавад.
Ишқу муҳаббат дар қалбаш шуъла мезананд, бо он зан издивоҷ мекунад ва кўдакони ўро фарзанди худ мехонад. Ў, одаме, ки ҳеҷ тўю маъракаро қабул надошт, акнун маҷбур аст ин ҳама расму русумро бипазирад, ҳатто ба тўй ҳам биравад (албатта, бо талқину ташвиқи ҳамсараш).
Меравад ва дар он тўй бо шоире (шояд шоир ҳам набуд, авбоше буд) ҷанҷол мекунад, он мард зани ўро дашном медиҳад Ва нафаре, ки моҳе пештар соати ба қатлгоҳ бурданаш лаб намекушод, барои ҳифзи номуси хонаводаи худ, кўдакони худ ва, махсусан, ишқи худ қиём мекунад.
Акнун, ки ў зан дорад, фарзанд дорад, имон ва мазҳаби худрову дудмони худро дорад, ба хотири онҳо бармехезад ва меҷангад. Пештар, ки на зодгоҳ дошту на шаҳр, на хешу пайванд ва на рустову зироат, метавонист тоқат кунад ва дар мақоме бошад, ки ҷангидан ё касеро ҷонибдорӣ намудан, ё бигўем, фаъол будан барояш бемаънӣ буд. Нафаре, ки худро аз ҳама масоили зиндагӣ дар канор мегирифт, ё ба онҳо эътиборе ҳам намедоду гўиё дар зоти супермен буд, дар ниҳояти кор, ба як одами басо одӣ, яъне, бандае аз миллионҳо бандагони Худо табдил меёбад ва тобеи қонунҳои нонавиштаи зиндагӣ мегардад.
Ҳамчунин, дар ин китоб таърихе аз зиндагиномаи Ҳидоят ва нақше аз рўзгори Хиёл, ки хеле содаву одианд, пешкаши шумо, хонандагони муҳтарам, хоҳад гардид. Ин ҳама нигоштаҳоро, ки барг ба барг ва сатр ба сатр гирд овардаем, имрўз барои баррасӣ ва хулосабарорӣ ба шумо, хонандагони гиромӣ, вогузор менамоям. Пирўз бошед!
Сорои Мурид,
рўзноманигор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё