Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
ПЕШГУФТОР
Ҳаждаҳ сол гузашт аз он рўзе, ки орзуи пешкаши хонандагони арҷманд намудани навиштаи адиби нотакрор Сайф Раҳимзоди Афардӣ «Абармарди шарқӣ»- ро доштам. Аввал «Дурўғи сафед», баъд «Таронаи хоки париён», «Падруду пайғом» ва баъди онҳо оғоз шуданд дар асл падруду пайғомҳо. Ва, инак, «Абармард...» баъди ҳаждаҳ соли рўи коғаз овардан ба дасти ҳаводорони каломи бадеъ хоҳад расид. Ин асар аз зиндагии одию маъмулии як инсони олӣ ва баркамол ҳикоят мекунад.
Ин мард, ки аз замину зиндагию воқеият худро кандааст, на зан дораду на фарзанд ва на решаву хешу табор: ў дар сағирахона тарбият ёфта, як навъи дигари супермен – абармарди шарқӣ мебошад, ки аз воқеият болотар рафтаву осоише ёфта. Худро инсони олӣ мепиндорад ва ба андешаи ў ҳамаи касоне, ки пайванду қароре бо ҷомеа ва зиндагии ҷомеа доранд, зандору аёлманд ҳастанд, ба ҳизбе мансубанду аз рўи қавонини мазҳаби хосси худашон амал мекунанд, инсонҳои маъмулианду аз файзи дунёи ў бебаҳра. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ў ба ҳеҷ кадоме аз гурўҳҳо шомил намешавад, ҳар ду ҷонибро дар дил танбеҳ медиҳад. Ҷанг чун шиддат меёбаду воқеаҳо ҳам тезутунд мегарданд, ў батадриҷ ба гирдоби ҳаводис кашида мешавад ва бо марг рў ба рў меояд.
Ба бадхоҳонаш ҳатто як сухани дурушт намегўяд. Бо амри тасодуф (нафаре аз силоҳдорон, ки ба адабиёту ҳунар маҳбубият дорад, дар хонаи ин мард китобҳои зиёдро дида меандешад, ки ў шоир аст ва адибро набояд паронд) аз чанголи марг мераҳад. Ўро намепаронанд.
Ба хона бармегардад: хонаашро гирифтаанд. Ў акнун бе он кунҷе мемонад, ки хона ном дорад. Кошонаи раҳми модар вайрону валангор гардида. Чанд рўз овора мегардад ба умеде, ки бо амри тасодуф тираш бирасад ва бимирад, Вале марг бо хости касе амал намекунад. Танҳоию бекасӣ ва зиёдатӣ будани худ ва маънӣ надоштани зиндагии хешро эҳсос карда, ба хулосае меояд, ки тарки ин манзилу макон бинмояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё