Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданРаис хари сафедро аз пахтазор берун баровард. Мардум аз пичир- пичир бозмонданд. Ў ба миёни мардум омад, хари сафедро қарор кард, даст ба корди миёнаш бурд. Садое дар миёни мардум хест
- Тамом, аз думу гўш халос шуд!
Вале ким- кадом фикре ба сараш омаду кордро дарнаёвард. Мардум оҳи сабук кашиданд ва хотирҷамъ шуданд.
Зувайр ором нагирифта буд; дудаста аз сару гардани хари сафед гирифт ва сахт тоб дод ва хари сафед гурсас ба замин уфтод! Аввал ба шикамаш, пеши пистонаш – хар пистонҳои сафед дошт!- як- ду лагад фуровард, ки садояш дар фазои хомўш танин андохт! Гунги Бобо «ҳуммм» гуфту афсурда шуд. Модинаи сафед сар бардошт ва майли хестан кард, дасту почаке ҳам зад, вале баъди лагади дигар, ки бар синааш хўрд, аз талош бозмонд. Ва сарашро ба хок ниҳод.
Баъд, Зувайр ба сараш омад, як барафрошта шуд ва устувор истод, пас пойи росташро баланд кард, мисле ки дар ҷой қадам задан мехост, бале, гом бардошта буд. Ончунон ки наъли мўзааш дар маҳтоб дурахшид ва пас, чунонки бар сари мехи фўлодин мекўбанд, - ҳине, ки асперо дар чаман тавила мекунанд, бо пошнаи наълдори мўзааш бар сари модинаи сафед зарби маҳкаму ҷонкоҳе зад! Дигар гўё девона шуд: бар сари хар баромад ва дигар беист бо пошнаи наълдори мўзааш бар бехи гўши хари хобида мекўбид. Он қадар лагад мезад, ки ниҳоят арақ овард. Ба ҳеҷ кас нигоҳ намекард. Гўё ҳеҷ кас ин ҷо ҳузур надошт. Танҳо ҳине, ки арақ аз рўйи чашмаш пок мекард, бо пушти дасташ як нигоҳе ба Садаф андохт, пурситеза, бешафқат ва ҳавлангез буд нигоҳаш. Пошнааш аз чўян буд ва вазнину гурмдор; бо хоҳиши ў Усмонбангӣ тафта ва ба қолиб гирифта буд; ҳине роҳ мерафт, замин харош меёфт…
Аҷаб хомўш аст ин ҳайвон! Вақте ўро мекўбанд, хомўш аст; ҳатто дар лаҳзаи марг низ овоз намебарорад, танҳо чашмонаш имдод металабанд. Саг вингос мезанад, асп шиҳа мекашад, мурғ қиғғас мекашад – ҳама ҳайвонҳо ба навъе дарди худро ошкор мекунанд, танҳо хар, ҳамчуноне ки бори вазнин ба пушт мекашаду хомўш аст, дардҳои тоқатфарсову кушанда, зарбаҳои ваҳшиёнаву девонавори пойи одамиро ба сар мехўрад ва овозе намебарорад. Гўё бо чунин хамўшиву итоат Зувайрро ба тавфиқ меоварда бошад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё